Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Стратегияи сармоягузорӣ то соли 2040 муайян кардааст, ки дар бахши кишоварзӣ маҳз ба куҷо маблағгузорӣ кардан лозим аст ва чаро ин соҳа барои сармоягузорӣ муҳим ва ояндадор шуморида мешавад. Ба масъалаи рушди коркарди маҳсулот, густариши имконоти содирот ва бунёди зерсохтори муосири аграрӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Ҳадаф аз ин корҳо табдил додани маҷмааи бахши кишоварзӣ (агрокомплекс) ба яке аз манбаъҳои асосии рушди иқтисодии кишвар унвон шудааст.
Миёни самтҳои афзалиятнок бунёди паркҳои кишоварзӣ ва кластерҳо, бахусус дар бахшҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим чун пахтакорӣ номбар шудааст. Ин ҷиҳати афзоиши ҳаҷмҳои коркард, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рушди бозори дохилӣ имкон фароҳам меорад.
Таъмиру навсозии техника боз як иқдоми муҳими дигар арзёбӣ шудааст. Аз ҷумла таҷдиди таҷҳизот ба кишоварзон барои кори пурсамар бо хароҷоти кам шароит муҳайё месозад.
Дар Стратегия ба зерсохтор алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, аз ҷумла ба сохтмони анборҳои муосир, сардхона ва корхонаҳои коркард. Ин барои ба муҳлати дароз нигоҳ доштани маҳсулот, давоми тамоми сол дастрас будан ва имкони содирот ба дигар кишварҳо лозим аст.
Барои соддаву осон кардани таҳвил ба хориҷи кишвар, бунёди марказҳои кишоварзии логистикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳати роҳандозии занҷираҳои устувори содиротӣ кумак мекунанд.

Чаро маблағгузорӣ ба бахши кишоварзӣ фоидаовар аст?
1. Захираҳои бойи табиӣ ва иқлими мусоид
Тоҷикистон дорои шароитҳои нодири табиӣ мебошад: қлими офтобӣ, замини ҳосилхез ва захираҳои кофии обӣ. Ҳамаи ин барои парвариши сабзавоту мева ва зироати ғалладона шароити хубу мусоид фароҳам меорад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон зиёда аз 1,2 млн тонна мева ва 3,2 млн тонна сабзавот истеҳсол мешавад.
Маҳсулоти Тоҷикистон бо сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тоза қадр мешавад, ки дар пасманзари болоравии таваҷҷуҳ ба маҳсулоти органикӣ дар ҷаҳон хеле муҳим аст.

2. Нақши муҳими бахши кишоварзӣ дар иқтисод
Бахши кишоварзӣ дар ҳаёти рӯзаммараи ҷумҳурӣ нақши калидӣ дорад. Ин соҳа ҳудуди 23%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, зиёда аз 70%-и бо шуғл фаро гирифтан ва беш аз 20% даромад аз содиротро таъмин мекунад.
Дар Тоҷикистон 863 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда мавриди истифода қарор дошта, мақомот ният доранд, ки ин нишондиҳандаро то 1,5 млн гектар зиёд кунанд. Дар ҳамин ҳол, боғпарварӣ ва ангурпарварӣ босуръат ҷараён дошта, майдони онҳо аллакай ба 208,4 ҳазор гектар расидааст.
3. Имконоти васеи содиротӣ
Зиёда аз нисфи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содир мешавад. Бозорҳои асосӣ Русия ва Қазоқистон маҳсуб ёфта, лекин солҳои ахир таваҷҷуҳи кишварҳои Халиҷи Форс, Чин, Ҳиндустон ва Аврупо низ зиёд мешавад.
Бахусус мева ва сабзавот, хушкмева ва пахта, маҳсулоте, ки аллакай худро дар бозори байнулмилалӣ муаррифӣ кардаанд, хеле серталабанд.

4. Рушди соҳаҳои калидӣ
Дар ҷумҳурӣ самтҳои муҳими истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳоли рушди фаъоланд. Дар ҷумҳурӣ дар як сол то 400 ҳазор пахта ҷамъоварӣ мешавад, лекин иқтидорҳои мавҷуда ба коркади тамоми ҳаҷм имкон намедиҳанд. Дар ин ҷо имконоти хуби сармоягузорӣ мавҷуд аст.
Чорводорӣ низ рушд меёбад: дар ҷумҳурӣ 2,8 млн сар чорвои калони шохдор ва 7,1 млн сар чорвои майда парваришу нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҳамчунин шабакаи хоҷагиҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ рушд меёбад, ки талаботи рӯзафзун ба гӯшти парҳезиро қонеъ месозад.
5. Имконот барои навсозии технологӣ
Қисми зиёди техникае, ки дар соҳаи кишоварзӣ мавриди истифода қарор дорад, кӯҳна шуда, ба ивазкунӣ ниёз дорад. Ин барои сармоягузорӣ ба технологияҳои нав, таҷҳизот ва худкор (автоматӣ) кардани равандҳо имкон муҳайё месозад.
Таъмин бо механизми инноватсионӣ ба коҳиши хароҷот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот мусоидат намуда, рақобатпазирии соҳаро баланд мебардорад.

6. Норасоии сармоягузорӣ ба зерсохтор
Сарфи назар аз нишондиҳандаҳои хуби содирот, зерсохтори бахши кишоварзӣ то ҳол начандон рушд кардааст. Норасоии анбору сардхонаҳо ва воситаҳои логистикӣ мушоҳида мешавад. Ин рушдро боздошта, ҳамзамон барои сармоягузорони хоҳишманди маблағгузорӣ ба логистикаи бахши кишоварзӣ ва коркард имкон медиҳад.
7. Дастгирии давлат ва шарикии байналмилалӣ
Ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзиро фаъолона ҳавасманд сохта, имтиёзҳо аз пардохти андоз, кумакпулиҳо ва дигар шаклҳои дастгирӣ пешниҳод мекунад. Дар ҷумҳурӣ аллакай дар ҳамдастӣ бо Чину Ҷопон ва Русия лоиҳаҳои муштарак дар ин самт амалӣ мешаванд.

Мақомот маҷмааи бахши кишоварзиро ба сифати соҳаи аз лиҳози сатратегӣ муҳим арзёбӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар ин соҳа устуворӣ ва ҳифзи маблағгузориҳоро таъмин созанд.






