Масъулини барқи Тоҷикистон мегӯянд, ки баъд аз боронҳои чанд рӯзи охир таъминоти барқ беҳтар шуда, аҳолӣ дар як рӯз 4-5 соат барқ мегиранд. Ба гуфтаи онҳо, об дар резиши об ба обанбори НБО “Норак” зиёд шудааст. Аммо сокинон мегӯянд, ки ҳанӯз дар як рӯз танҳо аз 1 то 3 соат барқ доранд ва реҷаи муайян дар таъмини барқ вуҷуд надорад.
Як моҳи охир сокинони минтақаҳои кишвар аз шадид шудани маҳдудияти барқ шикоят мекунанд. Масъулини таъминоти барқ мушкилро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медоданд. Сабаб камобӣ боришоти кам гуфта мешуд.
Қурбон Аҳмадзода, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо таъсири боронҳои чанд рӯзи охир резиши об ба обанбори “Норак” 30-40 метри кубӣ зиёд шуд.
“То ба имрӯз, 9-уми декабр аз оби захиравии обанбори НБО “Норак”, ки ҳамагӣ 53 метр об захира дорад, ҳудуди 7 метр (6 метру 96 см) аллакай об харҷ шудааст. Боронҳои чанд рӯзи гузашта гарчанде бешиддат ба назар мерасанд, аммо ба воридшавии об дар маҷрои дарёи Вахш таъсири мусбат дорад”,-гуфт номбурда.
Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази танзимгарии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо сабаби боришоти охир резиши об дар маҷрои дарёи Вахш зиёд ва таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ беҳтар шудааст.

“Бо далели 15-20% зиёд шудани воридшавии об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” хароҷот аз оби захиравӣ аз 23 сантиметре, ки дар шабонарӯз сарф мекардем ба 17 сантиметр кам шуд. Ҳоло 5-6 сантиметр аз оби захиравии обанбори “Норак” камтар истифода шуда истодааст. Ин раванд боиси он шуд, ки сокинонро то 4-5 соат бо нерӯи барқ таъмин кунем. Ҳамзамон дар бархе минтақаҳо вақти нисфирӯзӣ то 2-2,5 соат иловатан барқ дода мешавад”,-гуфт Тоиров.
Ба иддаои номбурда чанд рӯзи охир дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ноҳияи Рӯдакӣ “сокинони баландошёнаҳо бо нерӯи барқ пурра таъмин ҳастанд”.
Дар ҳамин ҳол, сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳанӯз дар як шабонарӯз танҳо аз 1 то 3 соат барқ доранд ва дар таъмини барқ тағйире нашудааст. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки дар пайи “лимит”-и барқ бо мушкилии зиёд, аз ҷумла сард будани манзилҳояшон рӯбарӯ ҳастанд.
Ҳамзамон Дӯстмурод Тоиров мегӯяд, ки дар натиҷаи тасмими қатъи барқи аҳолӣ дар сурати аз 4 киловат (кВт) зиёд истифода кардан, сарфаи барқ зиёд шуда ба таъмини сокинон таъсир гузоштааст.
“Дар шаҳри Душанбе дар пайи ин иқдом шикоятҳо зиёд шуд ва дар ин шаҳр минбаъд қатъи барқ дар ҳолати масрафи зиёд бардошта шуд. Аммо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Рӯдакӣ ва Кӯлоб ин раванд идома дошта, боиси сарфакорона истифода кардани барқ аз ҷониби аҳолӣ гардид”,-гуфт ин масъули интиқоли барқ.
Бояд гуфт, ки дар пайи шадид шудани маҳдудияти барқ “Шабакаи тақсимоти барқ”, бо ирсоли як паёмаки телефонӣ ба аҳолӣ ҳушдор дод, ки “дар сурати истифодаи зиёда аз 4 киловат (кВт) барқ дар хона интиқоли барқ ҳудуди 30 дақиқа ба таври худкор (автоматӣ) қатъ мешавад”.
Ҳамчунин дар пайи норасоии барқ тадбирҳои муваққатии сарфаи барқ аз ҷумла, шомгоҳон қатъ намудани интиқоли барқ дар корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, манъи кори нуқтаҳои нерӯдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) аз соати 18:00 то 22:00 ва хомӯш кардани барқ ё чароғҳои кӯчагӣ, ки “аҳамияти стратегӣ надоранд” низ ҷорӣ гардид.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад.
Имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон мегӯянд, “лимит”-и барқ шадидтар шуда, дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешавад. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ мекунанд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба камобӣ рабт медиҳанд.
Бештар ин ин бора, дар маводи “Аз соли гузашта бадтар”. Чаро имсол маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон шадидтар шуд? хонед.






Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста