ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 19:00 дар қаҳвахонаи "Community"-и пойтахт бозии зеҳнӣ ё саволу ҷавоб дар бораи футбол (футболний квиз) доир мегардад. Он аз 7 давр иборат буда, саволҳо дар бораи бошгоҳҳо, кишварҳо ва мусобиқаҳои гуногуни футбол мебошанд.

Дар ҳар даста аз 3 то 8 нафар бояд иборат бошад. Арзиши иштирок барои ҳар иштирокчӣ 50 сомонӣ аст.

– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Он то рӯзи 13-уми декабр идома мекунад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1946 – Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид  (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.

Соли 1997 – Домени миллии .tj ба қайд гирифта шудааст.

.tj – домени миллӣ барои Тоҷикистон буда, ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, шаҳрванд ё ғайришаҳрванди Тоҷикистон метавонад доменҳоро дар минтақаи .tj сабти ном кунад.

Соли 2003  - Идоракунӣ ва бақайдгирии номи доменҳо, ба маркази иттилоотӣ-техникии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон вогузор карда шуд. Рӯзи 29-уми январи соли 2004 аввалин доменҳо дар минтақаи .tj ба қайд гирифта шуданд. Соли 2007 сабти доменҳои .tj барои шаҳрвандони дигар кишварҳо кушода шуд.


Соли 2002 – Хазинаи байналмилалии асъор созишномаи сесола дар бораи ба Тоҷикистон ҷудо кардани қарз дар ҳаҷми $87 млн  барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди иқтисодии кишварро тасдиқ кард.

Соли 2008 – Тоҷикистон ба узвияти Бонки авруосиёии рушд пазируфта шуд.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки интиқоли оби тозаи Тоҷикистон ба Урдун ба роҳ монда шавад

Соли 2019 – Қонуне қабул шуд, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар қарор доранд, афв карда мешаванд.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон ҳайати нави ҳукумати ҷумҳуриро тасдиқ кард

Соли 2020 – Дар Тоҷикистон ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ таъсис дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1952 – Зодрӯзи Ҳалим Сангинов, коргардон, корманди телевизиони Тоҷикистон.

Ҳалим Сангин дар байн

То ин вақт бо коргардонии Ҳалим Сангинов садҳо филму намоишномаҳои телевизионӣ рӯйи кор омадаанд.

Аз ҷумла, “Тоҷикони дунё”, “Атои саҳна”, “Ғуруб”, “Самаки Айёр”, “Тоҷикистон”, “Рӯ ба хуршед”, “Ширин”, “Гули санг”, “Шумқадам”, “Девори хотира”, “Бузургвор”, “Дарди Ҳошим”, “Салом, фестивал”...

Дар давоми фаъолияти коргардонии худ аз рафти кор дар НБО "Роғун" як зумра филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия кардааст, аз ҷумла “Биё созем Роғунро”, “Пайкори Роғун”, “Месозамат Роғун”, “Рӯ ба рӯ”, “Асрори лоиҳа”, “Гавҳари меҳр” ва “Роғун чист?”

Соли 1981 – Мавлуди Асрор Сатторов, олим, номзади илмҳои педагогика

Асрор Сатторов фаъолияташро ҳамчун китобдор оғоз намуда, солҳо омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик буд. Баъдан дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият пардохта, рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.

Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ аст.

Соли 1945 – Зодрӯзи Набӣ Носиров, олим, номзади илмҳои иқтисод

Набӣ Носиров дар рушди илмҳои иқтисодӣ дар донишгоҳҳои кишвар саҳми бориз дорад ва чандин рисолаву китобҳои таълимӣ дар ин самт таълиф намудааст. Солҳо дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ҳайси декани факултаи иқтисодӣ фаъолият намуд.

Муаллифи зиёда аз 80 асарҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, аз ҷумла, 6 монография ва зиёда аз 200 асарҳои гуногун мебошад. Аз ҷумла, “Иқтисод ва ташкили истеҳсолот”, “Рушди инсонӣ”, “Идоракунии истифодабарии захираҳои табиии Тоҷикистон”, “Иқтисод ва ташкили протсесси истеҳсолкунанда”

Соли 2012 – Лола Исмоилова, зистшинос, доктори илмҳои биологӣ аз олам даргузашт.

Лола Исмоилова

Ӯ ҳамсари Қандил Ҷӯраев, ҷуғрофиёдон ва иқтисоддони маъруфи тоҷик аст. Лола Исмоилова муаллифи 200 асару мақола, аз ҷумла 16 навоварӣ, 24 дастурамали методӣ, 2 китоби дарсӣ аст.

Ӯ пас аз нашри як аксаш дар маҷаллаи “Огонёк” декабри соли 1949 унвони ғайрирасмии “Маликаи ҳусн”-и Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуд. 16-уми апрели соли 1950 Петр Миргородский, муҷассамасози машҳур дар шаҳри Гурзуфи Қрим ба хотири Лола Исмоилова ҳамчун тимсоли зебоии зан пайкарае сохт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо ҷашн гирифта мешавад. Он дар асоси қарори Ассамблеяи Генералии СММ дар моҳи январи соли 2003 ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Мақсади таъсиси ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти рушди минтақаҳои кӯҳии сайёра ва зарурати кӯмак ба аҳолии ин минтақаҳо шарҳ дода мешавад.

Кӯҳҳо қариб чоряки сатҳи заминро ишғол мекунанд ва дар пешрафти ҷаҳон ва рушди устувори иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд. Кӯҳҳо манзили истиқомати тақрибан 15 дарсади аҳолӣ буда,  беш аз 1 миллиард аҳолӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд.

акс аз Комрон Сафаров

Кӯҳҳо 93%-и қаламрави Тоҷикистонро ишғол мекунанд.

Рӯзи 11-уми декабр Рӯзи байналмилалии рақси “Танго” ҷашн гирифта мешавад. дар ин сана таҷлил гардидани он ба рӯзи таваллуди сароянда ва ҳунарпешаи аргентинӣ Карлос Гардел, ки “Подшоҳи танго” дониста мешавад, рабт дорад. Ин навъи рақс дорои фалсафаи муқовимат дониста мешавад.

Соли 2009 бо қарори ЮНЕСКО навъи рақси “Танго” ҳамчун маҷмӯи мусиқӣ, рақс, шеър ва анъанаҳои хоси минтақаи Рио де ла Плата ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият дохил карда шуд.


11-уми декабри соли 1972 бо киштии кайҳонии “Аполлон-17” одамони ба сатҳи Моҳ қадам гузоштанд. Ба ҳайати киштии кайҳонӣ Юджин Сернан, фармондеҳи киштӣ, Роналд Эванс, халабони модули фармондеҳӣ ва Харрисон Шмит, аввалин олими кайҳоннавард, геолог шомил буданд.

То имрӯз ин парвоз охирин парвози ҳавопаймоӣ ба Моҳ ва охирин фуруд омадани одамон ба сатҳи он боқӣ мемонад.


11-уми декабри соли 1994 дар Чеченистон чанг оғоз гардид. Дар ин рӯз Борис Елсин, президенти Русия  фармон “Дар бораи чораҳо ҷиҳати таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Чеченистон”-ро имзо кард. Ин сана дар таърих ҳамчун оғози Ҷанги Якуми Чечен, яъне муноқашаи мусаллаҳонаи чечениҳо сабт шудааст. Ҷанг то 31 августи соли 1996 идома кард. Моҳи апрели соли 1996 роҳбари ҷудоихоҳони чеченӣ Ҷохар Дудаев дар натиҷаи зарбаи ҳавоии нерӯҳои Русия ба ҳалокат расид.

31-уми августи соли 1996 намояндагони Русия ва Ҷумҳурии Чеченистон созишномаи оташбас имзо карданд, ки бо номи “Созишномаҳои Хасавюрт” маъруф аст.

Маълумот дар бораи шумораи кушташудагон ва бедаракшудагон дар манбаъҳои гуногун фарқ дошта, аз 5 ҳазору 732 то 14 ҳазор нафар зикр шудааст.


 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 9+14º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 13-15º сард, рӯзона -4+1º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед