Ба гумони даст доштан дар расонидани зарари ҷисмонӣ ба зани 27-сола бо истифода аз корд, кормандони милитсия зани 43-солаи сокини маҳаллаи Испечакро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муноқиша бо ҳамсоязан ӯ нахуст занро лату кӯб ва сипас бо корд 1 маротиба ба дасташ задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҳодисаи дуюм дар ҷамоати Чортеппаи ноҳия Рӯдакӣ рух додааст: шахси номаълум бо ноболиғ, писарбаччаи 16-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1 маротиба ба шикам ва 2 маротиба ба рони пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Аз рӯи ин далел сокини 22-солаи маҳаллӣ боздошт шудааст.

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда ба гумони расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд ба бародари худ сокини 44-солаи маҳаллӣ боздошт шудааст. Онҳо ҳамроҳ машрубот нӯшида, бо сабаби муноқишаи бамиёномада ба ҷисми бародари 43-солааш 16-маротиба бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.