Сокини Рашт, Раҳматулло Солиҳови 45-сола рӯзи 25 январ дар қаламрави деҳаи Баҳористони ин ноҳия зери тарма монд.

“Дар кӯҳҳои каме дуртар аз деҳа мард зери тарма мондааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти КҲФ ва МГ Тоҷикистон.

Худи ҳамон рӯз ҳамдиёронаш ҷасади ӯро аз зери тарма берун меоранд. Пайвайдону наздикони марҳум мегӯянд, ӯ бо мақсади шикори кабкҳо ба кӯҳ баромада будааст.

Солиҳов зан ва шаш нафар фарзанд дошт.

Қобили зикр аст, ки ҳалокшуда қурбонии дуюми тарма дар Тоҷикистон дар соли равон аст. Рӯзи 7 январ дар қаламрави ҷамоати Ясманди ноҳияи Рашт ҷавони 20-сола зери тарма ба ҳалокат расида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.