Афсари қисми ҳарбии 2747 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ёрибек Саидов мутобиқи модадҳои 250 (Тамаъҷӯӣ) ва 391 (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Судя Ҳотам Раҷабзода зимни мурофиаи изҳор дошт, ки дар мавриди айбдории афсар оид ба истифодаи шиканҷа нисбати сарбози ҳалокшуда далелҳо пешниҳод нашудаанд ва аз ин рӯ, ин модда аз айбдории ӯ хориҷ карда шудааст.

Дар сухани ниҳоии худ Ёрибек Саидов изҳор намуд, ки худро ганҳкор эътироф намекунад ва ба ҳодисаи марги сарбоз Ҷаҳонгир Қурбонов, ки ба худкушӣ даст зад, ҳеҷ муносибате надорад.

Дар ҳамин ҳол, модари маҳкумшуда Сангина Саидҷонова қайд кард, ки писараш дар худкушии сарбоз гунаҳкор нест.

Модари афсари маҳкумшуда Сангина Саидҷонова
Asia-Plus

Волидони сарбози ҳалокшуда аз ҳукми суд норозӣ буда, аз болои он ба зинаҳои таҷдиди назар шикоят бурданианд.