Муҳлати ҳабси муҳоҷирони тоҷики гумонбар ба қатли варзишгари рус Сергей Чуев дар Маскав ду моҳ дароз шуд.

Рӯзи 3-юми декабр суди Черемушинои шаҳри Маскав дар бораи тамдиди 2-моҳаи муҳлати ҳабси муҳоҷирони тоҷик, яъне то 8-уми феврали соли 2020 қарор қабул кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз адвокатҳои муҳоҷирон Игор Кайдан хабар дод.

Адвокат гуфт: “Бо вуҷуди хулосаи ташхиси судиву тиббӣ, ки дар он на аз лату кӯб, балки дар об нафасгир шудаву фавтидани Сергей Чуев зикр шудааст, Кумитаи тафтишот ба тағйири моддаи айбдорӣ шитоб надорад”.

“Мо чандин маротиба аз кашолкории тафтишот, ки дар сурати муайян шудани сабаби марг бояд ба амали ҳар кадоме аз айбдоршавандагон баҳои ниҳоӣ диҳад, шикоят кардем. Онҳо маҷбуранд, ки моддаи айбдориро тағйир диҳанд. Кашолкорӣ нишонаи ғайриқаноатбахш бурдани тафтиш аз ҷониби муфаттиш ва роҳбарияти кумитаи тафтишот аст”, - афзуд Кайдан.

Ёдрас мекунем, ки шаби 8-уми июн дар боғи кӯчаи Южнобутовои Маскав устоди варзиши гуштии юнониву румӣ Сергей Чуев ҳалок шуд.

Ба гумони даст доштан дар куштори ӯ 6 нафар муҳоҷирони тоҷик: Фаридун Сафаров, Рустам Аминов, Фирӯз Сафаров, Неъматҷон Бобоев, Мирзошавкат Туфалангов ва Меъроҷиддин Аловиддинзода боздошт шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъабой Сафаров, падари гумонбаршуда Фаридун Сафаров ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Маскав бо пайвандону наздикон ва адвокати муҳоҷирони боздоштшуда вохӯрдааст.

“Намояндаи консулгарӣ – Манучеҳр бо мо вохӯрд. Ӯ қайд кард, ки мо аз беамалии консулгарӣ ба ВАО шикоят кардем. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодисаро онҳо пайгирӣ доранд, аммо ҷузъиёти рафти тафтишотро гуфта наметавонанд”, - гуфт Сафаров ва афзуд, ки корманди консулгарӣ ба кумак мувофиқи имкону зимни зарурат изҳори омодагӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.