Дар фаъолияти КВД “Манзили дастрас” дар ҳаҷми наздики 42 млн. сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор шуд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки бо дархости Прокуратураи генералӣ Палата фаъолияти корхонаро санҷида, маълум шуд, ки қисмате аз маблағҳои саҳҳомон, ки ба сифати пешпардохт дода шудаанд, ба суратҳисоби корхона нагузаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи солҳои 2013-2018 барои саҳмгузорӣ ба сохтмони манзил ҳамагӣ 215 нафар ба хазинаи КВД “Манзили дастрас” 27 млн сомонӣ пули нақд супорида, лекин минбаъд онҳо дар қисмати даромади корхона зикр наёфтаанд.

“Дар ҷараёни санҷиши фаъолияти молиявии КВД “Манзили дастрас” ба сурати умум ба маблағи 41 млн 947 ҳазор сомонӣ зарари умумии молиявӣ ошкор шуда, аз ин миқдор ҳудуди 24,8 млн. сомонӣ (59%)-аш ба буҷети корхона баргардонида шуд ва дар мавриди баргардонидани 18 млн сомонӣ маблағи боқимонда чораҷӯйӣ мешавад”, - қайд кард роҳбари Палатаи ҳисоб.

Чиллазода зикр кард, ки маводҳо оид ба натиҷаи санҷиш ба Прокураураи генералӣ пешниҳод шуд. “Умедворам, ки соли 2020 маблағҳо пурра баргардонида мешаванд”, - илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.