Суди шаҳри Ҳисор дар бораи ба ҳабс гирифтани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Маҳмурод Одинаев қарор содир намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, қарори ба ҳабс гирифтани Одинаев бо пешниҳоди мақомоти прокуратура қабул шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Одинаев нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш ва писараш ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар мавриди ин масъала қаблан ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ҳмизб барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев ҳизб дар фурсати назди адвокати касбӣ киро мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.