Шаҳрванди Русия Сергей Проскуряков, муваққатан дар ноҳияи ноҳияи Дустӣ, ҷамоати деҳоти Ҷиликули вилояти Хатлон иқоматдошта аз ҷониби суд барои таҷовуз ба номус ва куштори духтарчаи 6-сола ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 17 феврал дар сомонаи худ хабар медиҳад, ҳарчанд суд моҳи декабри соли гузашта баргузор шудааст.

Ҳукм аз ҷониби Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2021 содир шудааст. Маҳкумшуда муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.

Дар бораи кадом сол тавалуд шудани мард, ба чӣ кор дар Тоҷикистон машғул будани ӯ маълумот дода намешавад.

Дар хадамоти матбуоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар робита ба овозаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда вобаста ба ин ҷиноят хабар доданд, ки Сергей Проскуряков ҳеҷ гоҳ хизматчии ҳарбии онҳо набудааст.

Дар сомонаи Прокуратураи генералӣ зикр мешавад, ки моҳи сентябри соли гузашта нимаи дуюми рӯз Проскуряков дар ҳолати мастӣ ба кӯча баромада, ба духтарчае вомехӯрад, ки ба назди модараш мерафтааст.

Ӯ бо роҳи фиреб ноболиғро ба ҷойи хилвати беодам, дохили замини ҷуворимакка бурда, дастону пойҳои ӯро бо ресмонҳои полиэтиленӣ мебандад ва ба номусаш таҷовуз мекунад.

Сипас барои  пинҳон намудани ҷинояти содирнамудааш ӯ хурдсол Н.Р.-ро бо брижаи дар танаш буда буғӣ карда мекушад ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Проскуряков дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 104 қ. 2 бандҳои “в,е” ва 139 қ. 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.