Дар Душанбе Носирова Сумаяи 19-сола ба гумони даст доштан дар дуздии пул аз ҳамёнҳои электронӣ боздошт шуд. Тавре ки Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад, духтар пас аз арзу шикояти ду нафар ҷабрдида боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, духтар шакли нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намуда, бо ҳар роҳу восита рамзи ҳамёни электронии шаҳрвандонро ба телефони мобилии худ пайваст намуда, маблағҳои шаҳрвандонро ба корти бонкии худ интиқол медодааст.

“Ӯ ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамёни электронии як нафар савдогар маблағи 4 ҳазору 490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар хабар.

Сурат: РВКД Душанбе

Ба иттилои манбаъ, ба ин тариқ вай аз ҳамёни электронии як нафар корманди маркази савдои “Шоҳмансур” низ 7 ҳазору 190 сомониашро ба ҳамёни электронии худ гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонидааст.

Баъд аз дастгир гардидан, аз номбурда як миқдор маблағҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

“Духтар дар ҳеҷ куҷо кору таҳсил намекунад. Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки қаблан низ ӯ мутобиқи моддаи  248 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ғоратгарӣ) ба сифати иштирокчии ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудааст”, - хабар доданд дар Раёсати ВКД-и пойтахт.

Зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршаванда Сумая Носирова дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади муайян намудани даст доштани номбурда дар дигар ҳолатҳои ҷиноят тафтишот ҷараён дорад.

Мувофиқи ин модда ба ӯ дар ҳаҷми аз 500 то 1000 музди меҳнати ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрумият аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар банди “а”-и ин модда (дуздии такрорӣ) ҳаҷми ҷарима аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 68 сомонӣ) зиёд шуда, муҳлати ҷазои зиндон аз 2 то 5 сол муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.