Кормандони милитсия боз як занеро боздошт намуданд, ки дар навори видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда духтарчаи хурдсолро латукӯб мекард.

Дар хабари ВКД гуфта мешавад, 3-юми сентябр дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки зане духтарчаи хурдсолро лату кӯб мекунад. Ин навор вокуниши манфии аҳли ҷоеаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Хоҳарвӣ Нуроваи 28-сола мебошад, ки духтарчаи 1-солаи худро латукӯб мекардааст.

Сурат: ВКД ҶТ

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ахиран ҳодисаҳои рафтори бераҳмона нисбати кӯдакон аз ҷониби волидайн ва пайвандонашон тез-тез рух медиҳанд.

Чанд рӯз пеш кормандони милитсияи ноҳияи Қубодиён занеро боздошт карда буданд, ки писарандарашро бераҳмона латукӯб мекард ва навори он дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овард.

Аз ин пештар кормандони милитсияи пойтахт сокини 42-солаи кӯчаи Пайрав Сулаймониро барои лату кӯби бераҳмонаи ҷиянаш (писари бародараш) боздошт намуданд. Ширин Аламов баъди нашри навори видеои лату кӯб, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, боздошт гардид.

Боз як ҳодисаи ба ин монанд моҳи майи соли ҷорӣ рух дод. Вобаста ба он прокурори ноҳияи Данғара нисбат ба сокини ҳамин ноҳия Холиса Шоева мутобиқи моддаи 174 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Иҷро  накардани  уҳдадорӣ оид  ба тарбияи ноболиғ) парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Ин зан латукӯби духтарчаи 2-солаи худро бо видео наворбардорӣ намуда, онро ба ҳамсараш, ки аз ӯ ҷудо шуда буд, мефиристад. Ҳамсараш ин наворро ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.