Мелания Трамп, ҳамсари миллиардер ва президенти амалкунандаи ИМА Доналд Трамп имрӯз зодрӯзи 47-уминашро ҷашн мегирад. Собиқ фотомодел зодаи Словения аст. Тӯли солҳои зиёд аксҳои ӯ саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои пурнуфузи саросари ҷаҳонро зебу зинат медоданд.

Мелания ваъда дода буд, ки дар сурати интихоби Трамп ба мансаби президенти ИМА ба масъалаҳои ҳимоя аз ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон сарукор хоҳад гирифт. Ин кор то кадом андоза ба ӯ даст медиҳад, вақт нишон хоҳад дод, алҳол бошад, гузориши тасвирии «Газета.ру»-ро бо аксҳои бонуи рақами 1-и ИМА манзуратон мегардонем.

1/14