Охири ҳафтаи гузашта сиёсатмадор ва олими маъруф Георгий Вадимович Кошлаков дар синни 81-солагӣ бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт. Ӯ Тоҷикистонро ватани худ шуморида, хеле самимона ин сарзаминро дӯст медошт.

Дар ин робита ҳодисаеро манзуратон мегардонем, ки гувоҳи ин гуфтаҳост. Соли 1990 дар ноҳияи он замон Комсомолобод (ҳозира Нуробод) нахустин гирдиҳамойии аз ҷониби ҳукумат иҷозашудаи сокинони маҳаллӣ алайҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баргузор гардид.

Ҳамаи касоне, ки дар ин гирдиҳамойӣ суханронӣ карданд, боздошти сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва умуман фаромӯш кардани амалисозии ин лоиҳаро тақозо карданд ва ягона намояндаи ҳукумати Тоҷикистон Георгий Кошлаков ба ҳимояи татбиқи ин лоиҳа изҳори назар намуд. Ӯ изҳор карда буд, ки бо гузашти солҳо худи иштирокчиёни гирдиҳамойӣ аз ин амалашон пушаймон хоҳанд шуд.

Яке аз шахсони солхӯрдаи иштирокчии гирдиҳамойӣ ба Кошлаков гуфта буд: «Ба нафақа баромаданат наздик аст, ҷомадонатро гирифта бу Русия раҳсипор мешавӣ, мо бошем, ин ҷо монда зиндагӣ мекунем, аз ин рӯ, бигзор тақдирамонро худамон ҳал кунем».

Кошлаков он замон ба ин шахси солхӯрда чунин посух дода буд: «Савганд мехӯрам, ки вақте ман аз олам даргузаштам, қабрам дар оромгоҳи Тоҷикистон хоҳад буд».

Георгий Кошлдаков рӯзи 7 июли соли 2017 аз олам даргузашта, ҷасади ӯ дар оромгоҳи Душанбе ба хок супурда шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Георгий Вадимович Кошлаков соли 1936 дар шаҳри Свердловск (Екатеринбурги имрӯза) ба дунё омада, соли 1958 Донишкалаи политехникии Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд ва соли 1976 Донишкадаи идораи хоҷагии халқи Шӯрои вазирони СССР-ро хатм кардааст.

Ӯ баъди хатми Донишкадаи Тошканд барои кор ба Тоҷикистон фиристода шуд ва дигар боқии умрашро ба рушди иқтисоди ин ҷумҳурӣ бахшид.

Георгий Кошлаков солҳои 1958-1978 дар идораи геологияи Тоҷикистон кор карда, аз муҳандиси оддӣ то ба мақоми сармуҳандис (1966-1974) ва сардори ин идора (1974-1978) расид.

Кошлаков соли 1978 ба мақоми муовини сарвазир ва соли 1984 ба мақоми муовини аввали раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 1991 Кошлаковро вазири саноат ва захираҳои ашёи хом ва сипас раиси Кумитаи давлатии иқтисод ва ояндабинӣ (Госплани собиқ) таъйин карданд.

Баъди рӯи кор омадани ҳукумати Раҳмон Набиев Кошлаков аз мақомҳои баланд дар ҳукумат канор рафт ва солҳои 1992-1993 мудири бахши саноати ширкати "Экотад” буд.

Соли 1993 ӯ ба ҳукумат баргашт ва то соли 1996 дар мақоми мушовири аршади сарвазир ва президент дар умури иқтисодӣ кор кард.

Солҳои 1996-2001 Кошлаков ба кори илмӣ багашт ва то соли 2001 мудири шӯъбаи рушди минтақаҳои кӯҳистон дар Академияи илмҳо ва аз соли 2001 то 2011 мудии кафедраи иқтисод ва менеҷменти Донишгоҳи славянӣ буд. Кошлаков соли 2011 унвони профессори Донишгоҳи славяниро ҳам ба даст оварда буд.

Георгий Кошлаков номзади илмҳои геологиву минералогӣ, узви вобастаи Академияи байналмилалии муҳандисӣ ва барандаи ҷоизаи ба номи Сино буда, унвонҳои Муҳандиси шоистаи Тоҷикистон, Геологи ифтихории СССР, Аълочии маорифи Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Кошлаков барои хидматҳояш бо орденҳои "Дӯстии халқҳо”, "Дӯстӣ” сарфароз гардонида шудааст.

Георгий Кошлаков яке аз афроди хеле огоҳ аз вазъи иқтисодии Тоҷикистон дониста мешуд ва наздиконаш мегуфтанд, ки ӯ тамоми захираҳои табии мавҷуд дар зери хоки Тоҷикистонро як ба як медонад. Кошлаков ҳамин тавр аз нахустин ҳукуматдорони Тоҷикистон буд, ки ҳанӯз дар поёни солҳои 80 ногузир будани гузариш ба иқтисоди бозориро дарк ва қабул карда буд.