Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизб ва вакили парлумонро аз роҳбарии ҳизб барканор ва Шаҳбози Аброр, як ҷавони 34-сола ва корманди ҳукумати Душанберо раиси нави ҳизб интихоб кард. Худи Усмонзода ин анҷуманро ғайриқонунӣ дониста, аз Вазорати адлия хостааст, ба ин қазия баҳои ҳуқуқӣ диҳад.
Буҳрони навбатӣ дар сафи ҲДТ ҳафтаи пеш пайдо шуд. Чанде аз аъзоёни ҳизб, ки онҳоро Саидҷаъфар Усмонзода “гурӯҳи номаълум” ном бурд, анҷумани ғайринавбатӣ баргузор ва раиси ҳизбро барканору раиси нав интихоб карданд.
Усмонзода: “Қарори Вазорати адлияро ҷонибдорӣ мекунам”
Саидҷаъфар Усмонзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” баргузории анҷуманро ғайриқонунӣ ва худро роҳбари қонунии ҳизб хонда, гуфт, ҳоло интизори баҳои ҳуқуқии Вазорати адлия ба ин амал аст.
“Мо ҳуҷҷатҳоро омода кардаем ва барои ҳалли ин масъала ба Вазорати адлия расман муроҷиат мекунем. Ин ниҳод бояд хулосаи ҳуқуқии худро дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва масъалаи пайдошуда диҳад. Ҳар қароре, ки Вазорати адлия қабул мекунад, мепазирем”, - гуфт Усмонзода.
Ба гуфтаи ӯ, анҷумани рӯзи 11-уми май хилофи чанд банди оинномаи ҳизб буд.
“Донишҷӯёнро ҷамъ карда, ба қавле, анҷуман гузарониданд. Шӯрои сиёсиро раиси ҳизб даъват, роҳбарӣ ва ҳуҷҷатҳои онро омода мекунад, қабл аз анҷуман дар шаҳру навоҳӣ конфронсҳо гузаронида мешавад. Чунин иқдом набуд. Як гурӯҳ омаданд, дар ифтор нишастанд ва рӯзи анҷуманро эълон карданд”,- гуфт Усмонзода.
Ӯ мегӯяд, пушти ташкилкунандагони ин анҷуман гурӯҳи номаълум меистад ва “сабабаш метавонад маблағ, нооромии вазъи дохилии Тоҷикистон ва иғвоангезӣ дар кишвар” бошад.
Шаҳбози Аброр, раиси тозаинтихоби ҲДТ ин иддаоҳоро рад карда, мегӯяд, аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб ба таври худҷӯш ҷамъ шуданд ва бо назардошти камфаъолии ҳизб тасмим гирифтанд, анҷуман баргузор ва фаъолияти ҳизбу масъалаи барканории раиси онро баррасӣ кунанд.
ҲДТ фаъол буд/набуд
Ташаббускорони анҷумани рӯзи 11-уми май сабаби барканории Усмонзодаро камфаъолии худи ӯ ва ҳизб маънидод карданд.
Вале Саидҷаъфар Усмонзода ба ин баҳогузорӣ розӣ нест ва мегӯяд, ҳамеша фаъол буд, дар баҳсҳо ва масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ мавқеи худро чун вакили парлумон ва раиси ҳизб баён мекард. Дар сафи ҳизб ҳам баҳсе вуҷуд надошт ва касе ба ӯ дар робита ба мушкилоти ҳизб муроҷиат накарда буд.
Сабаби баргузор накардани анҷуману конфронсҳои ҳизбро давоми чанд соли охир вазъи молӣ ва бехатарии одамон дар пасманзари бемории ҳамагири “COVID-19” арзёбӣ кард ва гуфт, “наметавонистем, ки ҳар рӯз мардумро ҷамъ кунему анҷуман доир кунем ва ҳамаро дар хатар гузорем”.
Шаҳбози Аброр мегӯяд, ҳизб дар замони роҳбарии Усмонзода танҳо аз як шахс - Саидҷаъфар Усмонзода иборат буд.
Ҳамакнун, қадами аввали Шаҳбози Аброр фаъолу кардани намояндагии ҳизб дар минтақаҳо ва барқарор намудани робитаи онҳо бо дастгоҳи марказӣ ва Шӯрои сиёсии ҲДТ аст.
“Ҳадаф зинда кардани ҳизб аст. Ҳизб аз як шахсият иборат нест, он аз аъзои Шӯрои сиёсӣ, собиқадорон ва аъзои ҳизб иборат аст. Тасмимгиранда Шӯрои сиёсии ҳизб мебошад”, - гуфт Шаҳбози Аброр.
Номбурда афзуд, барои эътирофи расмии роҳбари нави ҳизб Шӯрои сиёсӣ рӯзҳои наздик ба Вазорати адлия муроҷиат мекунад.
Саидҷаъфар Усмонзода дигар вакили парлумон нест?
Зимнан, Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳисоби ҲДТ вакили парлумон аст. Тибқи қонунгузорӣ, дар сурати муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲДТ парлумон метавонад мандати вакилии ӯро бекор кунад ва нафаре, ки ин Шӯро пешниҳод мекунад, ҳамчун вакили парлумон ба қайд гирад.
Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ки ӯ на ҳамчун раиси ҳизб, балки ҳамчун узви ҳизб вакили парлумон шудааст ва дар сурати бекор кардани мандат ӯро бояд аз сафи ҳизб хориҷ кунанд.
Шаҳбози Аброр мегӯяд, раиси пешинро аз сафи ҳизб хориҷ намекунанд ва тасмими пешниҳоди номзади нав ба курсии вакили парлумон аз ҲДТ ба ҷои Саидҷаъфар Усмонзода низ матраҳ нест.
“Инҷо ду роҳ ҳаст. Якум, Усмонзода худаш бо пешниҳоди ариза аз сафи ҳизб хориҷ мешавад ва ҳамин тариқ, мандаташ дар парлумон қатъ мегардад. Дуввум, Шӯрои сиёсии ҳизб ба ҷои ӯ ба курсии парлумон номзади навро пешниҳод мекунад. Аммо мо ба дигар корҳои муҳимтар банд ҳастем ва тасмими иваз кардани курсиамон дар парлумонро надорем”,-гуфт раиси нави ҲДТ.
Раиси нави ҲДТ кист?
Шаҳбози Аброр 34 сол дошта, зодаи шаҳри Левакант аст ва то ин замон раёсати ҲДТ дар шаҳри Душанберо ба уҳда дошт. Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2019 ва ҳоло донишҷӯи факултаи идоракунии давлатии Академияи идоракунии назди президенти Тоҷикистон мебошад.
Чанд сол ҳамчун муҳарир дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, то соли 2019 сармуҳаррири рӯзномаи “Истиқлол”, муовини сармуҳарири рӯзномаи “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷират кор кардааст. Солҳои 2016 -2018 хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” будааст.
Ӯ вакили ҲДТ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, қаблан, аз соли 2021 то апрели соли 2024, сардори шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатии “Тоҷикфилм” низ будааст.
Аз 15-уми апрели соли равон ба ҳайси директори КВД “Маркази дӯстӣ”-и ҳукумати Душанбе кор мекунад.
Шаҳбози Аброр муассиси нашрияи ғайридавлатии “Истиқлол” ва маҷаллаи “Набзи Душанбе”. Падараш Аброри Зоҳир, нависанда ва публисисти кишвар аст.
Ӯ оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Таърихи наву куҳнаи буҳрони роҳбарӣ дар ҲДТ
Дар бораи анҷумани Шӯрои сиёсии ҲДТ аввалин шуда АМИТ “Ховар” хабар дод, ки он рӯзи 11-уми май баргузор ва дар баробари дигар мавзуъҳо интихоби раиси ҳизб низ баррасӣ мешавад.
Баъдан, як рӯз пас Саидҷаъфар Усмонзода дар саҳифаи “Фейсбук”-аш бо пахши як изҳорот гуфт, “гурӯҳи номаълум бо сардории Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор мехоҳанд рӯзи 11 майи соли 2024 анҷумани ғайринавбатии ҲДТ-ро баргузор кунанд, ки ин рафтори ғайриоинномавӣ буда, ба Шӯрои сиёсии ҲДТ алоқаманд нест”.
Худи ҳамон рӯз, дар изҳороти дигар Усмонзода гуфт, рӯзи 8-уми май анҷумани ғайринавбатии ҳизб баргузор шуд ва “рафтори ғайриоинномавии Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор мавриди муҳокима қарор гирифт ва онҳо аз узви раёсати Шӯрои сиёсии ҳизб барканор шуданд”.
Он замон Шаҳбози Аброр дар суҳбат бо “Азия-Плюс” баргузории ҷаласаи ғайринавбатии ҲДТ-ро дар рӯзи 8-уми май “ғайриқонунӣ ва хилофи оинномаи ҳизб” унвон карда, зикр намуд, ки аъзои Шӯрои сиёсии ҲДТ рӯзи 6-уми апрел иқдом гирифтанд, ки “бинобар беамалии роҳбарияти ҳизб ва ба таври дахлдор фаъолият накардани он анҷумани ғайринавбатӣ баргузор кунанд”.
Рӯзи 11-уми май анҷумани ғайринавбатии ҲХД доир ва Саидҷаъфар Усмонзода аз раиси ҳизб барканор ва Шаҳбози Аброри 34-сола бо 64 раъйи тарафдор аз миёни 96 вакил раиси нави ҲДТ интихоб гардид.
Дар он анҷуман Усмонзода ширкат надошт, ҳарчанд ба гуфтаи ташкилкунандагон, аз ӯ даъват шуда буд, ки номзадиашро ба мақоми риси ҳизб пешниҳод кунад.
Ташкили ҷиноҳ ва мубориза барои роҳбарӣ
Бояд гуфт, ҲДТ аз соли 1990 дар фазои сиёсии Тоҷикистон амал мекунад ва ин бори аввал нест, ки дар сафи он ихтилоф сар мезанад. Соли 1993 ин ҳизб ба ҷиноҳи Олмотӣ ва ҷиноҳи Теҳрон ҷудо шуд. Ҷиноҳи Олмотӣ вориди Иттиҳоди нерӯҳои опозитсиони Тоҷикистон (ИНОТ) гардид ва дар музокироти сулҳи тоҷикон ширкат кард.
Соли 2006, баъди зиндонӣ кардани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси вақти ҳизб Масъуд Собиров анҷуман баргузор намуд ва Вазорати адлия ӯро раиси ҳизб эътироф кард. Он замони низ ҲДТ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Масъуд Собиров ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси пешини ҳизб раҳбарӣ мекарданд.
Соли 2013 баъди санҷиши якмоҳаи Вазорати адлия Саидҷаъфар Усмонзода раиси ин ҳизб интихоб шуд ва Собиров аз роҳбарии ҳизб барканор гардид. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 Саидҷаъфар Усмонзода дар баробари 4 нафари дигар рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо гузашти ду сол Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Фархор интихоб шуд ва дар интихоботи порлумонии соли 2020 низ танҳо вакили ин ҳизб дар порлумон гардид. Соли 2020 низ ӯ яке аз рақибони Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон буд.
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
8 сабаби асосии ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста