Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иди Масленитса ҳамасола ба таври густарда ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни имсолаи Масленитса дар донишгоҳ бо ҳузури сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва намояндагони васоити ахбори умум баргузор шуд.

Ҳар кадоме аз факултаҳо мизи алоҳида ороста, дар онҳо ғизои асосии ин ид – чалпак (блини) мақоми хосса дошт. Ҳамчунин ба ин муносибат аз ҷониби донишҷӯён барномаи идона намоиш дода шуд.

1/49

Масленитса- иди анъанавии славянитаборҳо буда, қабл аз "Великий пост" (Рӯзаи бузург) дар дини православиҳо қайд мегардад. Ин ид одатан дар охири зимистон ва аввали баҳор иттифоқ меафтад.

Тибқи тақвим Масленитса 56 рӯз пеш аз "Иди пок" (Пасха) баргузор мегардад. Ин ид ба пешвози баҳор ташкил мешавад. Чалпак (блин)-е, ки сари миз гузошта мешавад, рамзи Офтобро дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.