Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамаи тоҷикистониёнро бо ҷашни Наврӯз аз самими қалб табрику таҳният мегӯяд.

Фарорасии Наврӯзи фархундапайк ва баҳори дилафрӯзро бароятон шодбош гуфта, ба ҳамаи Шумо  умри бардавом, хушбахтии беинтиҳо, саломатии қавӣ, хонаободӣ, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор хоҳонем.

Бигзор Наврӯзи хуҷастапай ба ҳар як хонадони Тоҷикистони азизамон шодиву хуррамӣ ва хушбахтии доимӣ оварад! Бигзор файзу баракати Наврӯз ба зиндагониатон рангу таровати тоза бахшида, дастархонатонро пурфайз гардонад. Наврӯз муборак!

Бо камоли эҳтиром ҳамеша дуогӯи Шумо – ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.