Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ поинравии нархро ба сарулибоис мактабӣ бинобар сабаби аз пардохти андозҳо озод кардани истеҳсолкунандагони ин навъи маҳсулот пешгӯӣ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, аз 2 май қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд» тасдиқ шуд.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд, ки имтиёзи мазкур бевосита ба поинравии нархи либоси мактабӣ мусоидат менамояд.

“Дар соли хошини 2019-2020 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм талабот ба либоси мактабӣ  985 ҳазор дона нақшабандӣ карда шудааст, ки иҷори нақша дар моҳҳои январ – июни соли 2019 - 40,7 фоиз таъмин гардидааст”, - омадааст дар хабар.

Тибқи маълумоти Вазорат, давоми нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 53 корхонаҳо тибқи ҳисоботи оморӣ дар самти истеҳсоли либоси мактабӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 401 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 - 79 ҳазор дона зиёд мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар аксарияти корхонаҳои соҳа ба монанди «Гулистони Душанбе», «Нассоҷии Тоҷик», «Ёқут-2000», «Нассоҷи Хуҷанд»,  «Зинат», «Ҳусния-Б», «Ниҳол», «Даҳбед», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Коргоҳи дӯзандагӣ», «Алишер АСК», «Само и  К», «Кохи Бонувон»  ва дигарон таҷҳизоти муосир васл гардида, хати технологӣ ба пуррагӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имконияти дӯхти либоси мактабӣ ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон фароҳам оварда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.