Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ якбора ноустувор шудани вазъи обуҳаво, боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва боридани жола дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 5-6 майи соли ҷорӣ дар НТМ ва баъзе ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон борони пуршиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Хатлону Суғд, НТМ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани сел пешгӯйӣ мешавад.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Вахш, инчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон (ноҳияи Айнӣ) баландшавии сатҳи об пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.