Ҳафтаи V ҷашнии байнулмилалии муд Tajikistan Fashion Week идома дорад. Имрӯз эҷоди худро 8 тарроҳ (дизайнер) ва моделйерҳо аз Тоҷикистону Испания ва Қазоқистону Қирғизистон намоиш доданд.

Имсол чорабинӣ бори нахуст тариқи онлайн баргузор мешавад. Шумо намоиши онро дар Youtube тамошо карда метавонед.

Лоиҳаи иҷтимоиву фарҳангии Tajikistan Fashion Week, ки аз ҷониби иттиҳодияи эҷодии T&Z роҳандозӣ шудааст, тамоили самти афзалиятноки миллӣ оид ба дастгирии тарроҳони лаёқатманд ва пешбурди онҳо ба сатҳи нав мебошад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа ҳамкориҳо муқаррар ва дар саросари ҷаҳон густариш меёбанд, робитаҳо байни имконоти эҷодӣ ва истеҳсолии кишвар роҳандозӣ мешаванд, барои ташкили инкубаторҳои тиҷоратӣ дар соҳаи индустрияи муд ва реклама замина фароҳам оварда мешавад.

Шарикони расмии лоиҳа имсол Global fashion Week Berlin ва New Yourk, Oriental Fashion Show Paris,  Aspara Fashion Week, Kazahstan Fashion Week, Burana Fashion Week, SerbiaFashionWeek, AzerbaijanFashionWeek, UzbekistanFashionWeek, MercedesBenzFashionWeek Moscow ва дигарон мебошанд.

Дастгирии кулли иттилоотии чорабинӣ аз ҷониби Гурӯҳи Расонаҳои «Азия-Плюс» таъмин шуда, шабакаи телевизиони интернетии World Styles, шабакаҳои телевизиони «Сафина», «Душанбе HD» ва «Синамо»-и Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории чорабинӣ гузоришҳо намоиш медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.