Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тадбирҳои карантинро байни сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ сабуктар кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, акнун сарбозони оиладор рухсатии кӯтоҳмуддат гирифта метавонанд, инчунин ба сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки наздикони худро аз даст додаанд, барои ба хона рафтан иҷоза дода мешавад.

“Сарбозоне, ки ба рухсатӣ мераванд, пас аз бозгашт ба хизмат муддати ду ҳафта ба карантин гирифта мешаванд”, - қайд кард Маҳмадализода.

Зимнан зикр шуд, ки  пеш аз рафтан ба рухсатии кӯтоҳмуддат сарбозон ҳатман дар бораи тартиби риояи масофаи иҷтимоӣ, меъёрҳои санитария ва гигиенаи шахсӣ огаҳ карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аввали моҳи май озод кардани сарбозонро аз хизмат ба вақти муайян муваққатан манъ карда, инчунин ба онҳо дидорбинӣ бо наздиконашон иҷоза намешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.