Ба корҳои таъмиру барқарорсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии қадимаи "Қалъаи Хуҷанд" 10 ширкати сохтмон ва устоҳои беҳтарин машғуланд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ширкат варзида, ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон низ идома дорад.

Гуфта мешавад, дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" боздид намуда, ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншооти таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳо дод.

1/6

Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.

Маҷмааи таърихиву фарҳангии қадимаи "Қалъаи Хуҷанд" аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ ба феҳристи 10 мавзеи тамошобобу дидании сайҳии Тоҷикистон ворид шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.