Ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ аллакай хеле гарм аст. Дар ин айём аксари мардум талош мекунанд истироҳати худро дар соҳили обҳо гузаронанд. Табиист, ки ҳадаф ба ҷуз истироҳат, оббозиву шиноварӣ низ мебошад.

Вале ин фасли гарм ва ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабар. Мо ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёде дар обҳо мешавем, ки аксари онҳо бар асари беэҳтиётӣ ва надонистани одитарин қоидаҳои шиноварӣ рух додаанд.

Истироҳату фароғат назди кӯлу обанборҳо метавонад бо фоҷеа анҷомад. Аз ин рӯ, ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунед ва дар ҷойҳои манъшуда ба об надароед! Бо тарзи рафтор дар об дар инфографикаи зер шинос шавед.


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.