Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон корхонаи дӯзандагии “Мадина” чанд зани бешавҳарро, ки мушкилоти рӯзгор бар душашон аст, бо ҷои кор таъмин мекунад. Яке аз чунин занон Саида Аминова (ном иваз шудааст) аст, ки ба ин коргоҳ омада, аз коромӯз то дӯзандаи моҳир расидааст.
“Пайваста зери таънаю маломат будам”
Саида Аминова 33-сол дошта, баъди пош хӯрдани оилааш тарбияи ду фарзанди ноболиғро ба уҳда дорад. Ӯ соли 2016 оиладор шуда, баъди панҷ соли зиндагии якҷоя, бо сабаби набудани ҳамдигарфаҳмӣ аз шавҳар ҷудо шуд.
Баъди аз шавҳар ҷудо шудан, Саида як сол дар хонаи падараш зиндагӣ кард. Вале пайваста зери таънаю маломати янгаву наздиконаш буд.
“Падарам чанд сол пеш аз дунё гузашт. Бародаронам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меоянд ва рӯзгори хешро бо душворӣ пеш мебаранд. Танҳо модарам такягоҳам буду маро мефаҳмид ва ҳамеша таъкид мекард, ки тоқат кун, ҳамааш хуб мешавад. Маълумоти олӣ надоштам, дар ягонҷо кори мувофиқе пайдо карда наметавонистам. Бо ин ҳама таънаю маломат, як сол дар хонаи падар бо як азоб зиндагӣ кардам. Ниҳоят, ба хулосае омадам, ки бояд барои худ як ҷойи кори муносибе пайдо намояму рӯзгори хешро мустақилона пеш барам”, - нақл кард Саида Аминова.
Вақте ӯ дар бораи коргоҳи дӯзандагии “Мадина” огоҳ шуд, ба ин коргоҳ рафт ва ба ҳайси шогирд ба кор қабул шуд. Баъд аз се моҳи шогирдӣ нозукиҳои касби дӯзандагиро аз худ карда, баъдан бо корхона қарордоди ҳамкорӣ баст. Акнун, муддати ду сол аст, ки Саида Аминова дар ин корхона фаъолият дошта, зиндагии худро мустақилона пеш мебарад.
Ӯ як либосро бо нархи аз 50 то 120 сомонӣ медӯзад, аммо маблағ ба суратҳисоби корхона ворид шуда, ба Саида маош пардохт мешавад. Ҳар қадаре, ки зиёд фармоиш иҷро кунад, маоши зиёд мегирад.
Илова бар ин, дар корхона дар асоси шартнома бо муассисаҳои таълимӣ сару либоси мактабӣ низ медӯзанд. Қаҳрамони мо аз ҳисоби корхона мукофотпулӣ низ мегирад ва фориғ аз кор, дар хона низ фармоиш қабул мекунад ва аз ин ҳисоб маблағ ба даст меорад.
Муддати ду соле, ки ӯ дар ин коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият менамояд, шароити зиндагиаш аз нигоҳи молиявӣ беҳтар шудааст.
Ӯ хонаеро дар шаҳри Левакант ба иҷора гирифта, бо фарзандонаш зиндагии мустақилона дорад. Ду фарзандаш дар боғча таълим мегиранд.
"Шукри Худо, ки ҳунари дӯзандагиро аз худ кардаам. Бо ин ҳунарам худам мустақилона рӯзгорамро пеш мебарам ва муҳтоҷи ҳеҷ касе нестам", - мегӯяд Саида.
Феълан муносибати аҳли хонаводааш бо вай хуб шудааст. Модараш пайваста аз ҳолаш хабар мегирад ва бародаронаш низ бо ӯ муносибати хуб доранд.
Ҳамширае, ки соҳиби коргоҳ шуд
Корхона соли 2018 аз ҷониби дӯзанда Раъногул Қурбонова таъсис ёфтааст. Як сол пас Қурбонова соҳиби 40 ҳазор сомонӣ Гранти президентӣ гашт ва бо ин маблағ таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ харидорӣ намуда, доираи фаъолияти корхонаро васеъ кард.
Раъногул Қурбонова то таъсис додани корхона дар беморхонаи марказии шаҳр ба ҳайси ҳамшира фаъолият мекард. Чун аз модар касби дӯзандагиро ба мерос гирифта буд, фориғ аз кори ҳамширагӣ дар хона ба дӯзандагӣ машғул мешуд.
Бо мурури замон ҳам аз ҳисоби маоши ҳамширагӣ ва ҳам аз ҳисоби фоидаи касби дӯзандагӣ коргоҳи хешро дар як шакли хурд ташкил кард.
Феълан дар коргоҳи дӯзандагии ӯ 10 зане, ки дар зиндагӣ ноком гаштаанд фаъолият доранд. Қурбонова аз ҳисоби фоидае, ки ба даст меорад, ба 10 нафар аз як то се ҳазор сомонӣ маош медиҳад.
Инчунин қисмате аз фоидаашро барои андозу дигар пардохтҳои коммуналӣ масраф менамояд. Ба ҳисоби миёна, дар як моҳ Қурбонова дар коргоҳи хеш то 4000 сомонӣ хароҷот дорад. Ҳар моҳ аз 800 то 1800 сомонӣ анзод месупорад. Барои истифодаи нерӯи барқ то 500 сомонӣ ва боқимонда барои дигар хароҷот масраф мешавад.
“Мо бояд дастгири қишри осебпазир бошем”
Ба андешаи Раъногул Қурбонова, солҳои охир ҷудошавии оилаҳо дар мамлакат хеле зиёд шудааст ва аз ин ҳисоб садҳо нафар заноне ҳастанд, ки ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд.
“Вақте дар хона фармоиши мизоҷонро омода мекардам, ба назди ман духтарони аз шавҳар ҷудошуда барои шогирд истодан зиёд меомаданд. Он замон пеши худ мақсад гузоштам, ки ҳатман корхонаи дӯзандагии хешро таъсис медиҳам ва ин гуна духтарони дар зиндагӣ нокомшударо ба кор ҷалб менамоям. Бо мурури замон ман ин мақсади хешро амалӣ намудам ва заррае ҳам бошад, дастгири ин қишри осебпазири ҷомеа гаштам”, - гуфт ӯ.
Раъногул Қурбонова дар оянда мақсад дорад, фаъолияти корхонаашро боз ҳам васеъ намояд.
Ин намуди фаъолияти Раъногул Қурбонова намунаи соҳибкории иҷтимоӣ аст, ки интизор меравад дар ин самт дар кишвар дар оянда қонуни алоҳида қабул шавад ва фаъолияти онҳоро танзим кунад.
Он қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ ном дорад ва феълан лоиҳаи ин қонун омода буда, барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудааст.
Агар ин тарҳи қонун аз сӯи парлумоти мамлакат қабул гардад, 21 гурӯҳи осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занони яккаву танҳоро фаро мегирад.
Раъногул Қурбонова мехоҳад дар қонуни нав барои онҳо на танҳо имтиёзҳои андозӣ, инчунин барои пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ва пардохтҳои коммуналӣ низ имтиёз бидиҳанд. Чунки пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ, ки барои корхонаҳо дар намуди тиҷоратӣ ситонида мешавад, хеле гарон аст.
Соҳибкории иҷтимоӣ чист?
Агарчи ҳадаф аз ҳама намуди тиҷорат ба даст овардани даромад бошад, вале мақсади асосии соҳибкории иҷтимоӣ ба воситаи ба даст овардани даромад ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва ё гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мебошад.
Масалан, дар коргоҳ ё корхонаи худ бояд нафаронеро ба кор ҷалб намуд, ки аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мебошанд. Ба монандаи корхонаи дӯзандагии “Мадина”, ки дар он даҳҳо нафар духтарони дар зиндагӣ нокомгашта бо ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин ҳастанд.
Раъногул Қурбонова умедвор аст, ки қонуни нав имкон медиҳад, соҳибкории иҷтимоӣ дар мамлакат рушд карда, мушкилоти зиёди иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занону духтарони аз оилаҳои худ ҷудошуда ва яккаву танҳо ҳал гардад.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста