Хоруғ. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Хазинаи китобҳои китобхонаи вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба миқдори тақрибан 4 ҳазор нусха китобҳои тоза афзуд.

Мудири китобхона Алидод Чароғабдолов иттилоъ дод, ки чанде қабл ин китобҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва иштирокчиёни чорабинии «Корвони китоб» тақдим карда шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, китобҳо асосан аз адабиёти илмӣ ва бадеӣ иборатанд.

«Солҳои ахир дар вилоят талабот ба адабиёти илмӣ зиёд шудааст ва китобҳои дастрасшуда талаботи хонандагони зиёдеро қонеъ хоҳад сохт», - изҳор дошт А.Чароғабдолов ва афзуд, ки айни замон хазинаи китобхонаҳои ВМКБ аз 100 ҳазор нусха китоб бештар аст.