Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 14-15-уми сентябри соли 2023 зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар кори саммитҳо иштироки президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.
“Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи корҳои марбут ба омодагӣ ҷиҳати баргузории вохӯриҳои сарони давлатҳои минтақаро оғоз кардааст. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олӣ зери роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода таъсис дода шуд, ки ба он роҳбарони вазорату идораҳо шомиланд. Ҳамчунин дар Вазорати корҳои хориҷӣ Котиботи саммитҳо фаъолият мекунад”, - зикр мегардад дар хабари ВКХ.
Таъкид мешавад, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст ва асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Дар доираи саммитҳои мазкур баргузории Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, Вохӯрии аъзои Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ, Намоишгоҳи рассомон, Нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Вохӯрии вазирони нақлиёт ва Консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин маротиба соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида, минбаъд соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, соли 2021 дар шаҳри Авазаи Туркманистон ва соли 2022 дар шаҳри Чолпон – Отаи Қирғизистон сурат гирифта буд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста