Дар Ӯзбекистон, пас аз қабули тағйирот ба Кодекси одоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва баргузории ҷаласа бо ҳузури сарвазир ва масъулини қудративу ҷамъиятии ин кишвар оид ба коҳиши ифротгароӣ дар ҷомеа, мубориза бо ришу ҳиҷоб авҷ гирифтааст. Дар ин бора Радиои Озодлик (Радиои Озодӣ) ҳабар медиҳад.
Ин расона менависад, ки хонандагонаш бо ирсоли навору аксҳо аз “рейд”-ҳои мақомот барои нагузоштани ришу ба бар накардани ҳиҷоб шикоят кардаанд. Донишҷӯён шикоят кардаанд, ки онҳоро барои бадар кардани ҳиҷоб маҷбур кардаанд.
“Донишҷӯдухтарон, ки аз иҷрои чунин талабот саркашӣ мекунанд, ба муассисаи таълимӣ роҳ дода намешаванд”, - менависад ин расона.
Радиои Озодлик менависад, ки манъи пӯшидани ҳиҷоб миёни донишҷӯён дар манотиқи дигари Ӯзбекистон низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, аз вилоятҳои Бухорову Андиҷон низ ба ин расона шикоят ворид шудааст.
Бояд зикр кард, ки тибқи таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ” шаҳрвандони ин кишвар, ба истиснои онҳое, ки дар ташкилоти динӣ кор мекунанд, ҳақ надоранд либоси динӣ пӯшанд.
Муфтӣ: “Зиёдаравӣ мекунем”
Ҳафтаи гузашта Нуриддин Холиқназаров, муфтии Ӯзбекистон дар намози ҷумъа гуфт, Ислом аз зан талаб накардааст, ки рӯяшро пурра пӯшонад ё либоси сиёҳ ба бар кунад.
“Мо дар иҷрои фарҳанги пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҳад зиёд кӯшидаем. Мазҳаби мо ба занон амр намекунад, ки рӯяшонро пӯшонанд. Дар дини мо зебоӣ ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравӣ тавсия шудааст”, - изҳор дошт муфтии Ӯзбекистон.
Ӯ зикр карда буд, ки дар Ислом талаб нашудааст, ки мусулмонон бояд либоси муайян дошта бошанд.
Қабл аз ин, 13-уми сентябр, ба навиштаи Радиои Озодлик, садои азон дар масҷидҳои Ӯзбекистон пасттар карда шуд.
Ин расона ҳамчунин навишт, ки “дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат, ки рӯзи 10-уми сентябр баргузор шуд, нахуствазир Абдулла Арипов ходимони давлатиро аз оқибатҳои зиёрати масҷидҳо “ҳушдор” додааст”. Дафтари матбуоти ҳукумати Ӯзбекистон баргузории ҷаласаро тасдиқ карда, аммо “аз мансабдорон талаб кардани интихоби дин ё хидмати давлатӣ”-ро рад кардааст.
Ваъдаи Шавкат Мирзиёев ва талаби кӯмак аз Саида Мирзиёева
Ин ҳама маъракаи зидди ҳиҷобу риш дар ҳолест, ки чанд сол пеш, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон гуфта буд, ки “дар Ӯзбекистон ҳеҷ кас ба пӯшидани рӯймол мухолифат намекунад”.
Он замон Шавкат Мирзиёев амали раиси вақти вилояти Фарғонаро дар робита ба тундгӯияш оид ба пӯшидани рӯймол танқид карда буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Ӯзбекистон, замони раёсати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, мубориза бо ҳар гуна унсурҳои динӣ бо баҳонаи маҳви ифротгароӣ дар авҷ буд ва солҳои тӯлонӣ идома кард. Бо ин баҳона, ҳазорон нафар зиндониву шиканҷа шуданд ва чанд нафари дигар тарки кишвар карданд. Вазъ замоне каме тағйир ёфт, ки Ислом Каримов вафот кард ва зимоми қудратро Шакат Мирзиёев ба даст гирифт. Раиси ҷумҳури тоза дар баромадҳои худ ба мардум ваъдаи озодии эътиқод дод ва то ҷое тавонист назорат аз болои диндоронро коҳиш диҳад. Ҳамчунин, чандин нафарро, ки қаблан бо ҷурмҳои марбут ба эътиқод зиндонӣ шуда буданд, раҳо кард.
Бо гузашти 7 сол аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, чунин ба назар мерасад, ки ин ҳама озодиҳои додашуда, ба оҳистагӣ маҳдуд мешаванд.
Сокинони ин кишвар бошад, ҳамеша ваъдаи додаи Шавкат Мирзиёевро такрор карда, аз мақомот талаби ҳуқуқи худ мекунанд. Дар ҳолатҳои алоҳида, сокинон, махсусан бонувон ба духтари раисиҷумҳур Саида Мирзиёева муроҷиат карда, ҳалли мушкили худро талаб менамоянд.
Аз ҷумла, дар робита ба маъракаи зидди ҳиҷоб низ як донишҷӯи бахши сеюми Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Бухоро ба Саида Мирзиёева муроҷиат карда, аз ӯ хост, барои ҳимояи ҳуқуқҳояш мусоидат кунад.
Аммо то ҳол, на мақомоти расмии Ӯзбекистон ва на раиси ҷумҳури духтари мушовираш мавқеи худро доир ба ҳодисаҳои ахир ошкор накардаанд.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста