Додгоҳи олии Қазоқистон 311 ҳазор “қурбонии таъқиби сталинӣ” ва муҳоҷиронеро, ки давоми солҳои 1929 - 1956 ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буданд, сафед кард.
Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба Телеграм-канали Додситонии кулли Қазоқистон хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, Комиссияи давлатии офиятбахшии комили қурбониёни таъқиби сиёсӣ беш аз 2 миллиону 400 ҳазор варақаи бойгонии марбут ба қурбониёни таъқиби сиёсӣ дар давраи аз соли 1929 то соли 1956-ро ошкор кардааст.
Дар натиҷа:
- 251 ҳазор парванда ба бойгонии президент интиқол дода шуд, ки баъдан дастраси ҷонибҳои манфиатдор мегардад;
- 265 ҳазор парванда то охири сол интиқол дода мешавад;
- 311 ҳазор нафар аз ҳисоби бадарғашудагон, муҳоҷири махсус ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда сафед карда шуданд.
Бояд гуфт, ки сафедкунии қурбониёни таъқиби сиёсӣ баъди имзои фармон аз сӯйи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар бораи таъсиси комиссияи давлатӣ оид ба офиятбахшии пурраи қурбониёни таъқиби сиёсӣ дар 24 ноябри соли 2020 имконпазир гашт.
“Дар асоси қонунгузории Қазоқистон ба шахсоне, ки таҳти таъқиби беасос қарор гирифта, баъдан ислоҳ шудаанд, ҷуброни пулӣ пардохта мешавад. Аз соли 2003 то соли 2020 ба қурбониёни худсарии мақомоти шӯравӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 15 миллиард танга (ҳудуди 35 миллион доллар) пардохт кардаанд”, - менависад “Фергана”.
Илова бар ин, ҳамасола 31 май дар Қазоқистон “Рӯзи ёдбуди саркӯбҳои сиёсӣ ва гуруснагӣ” таҷлил мешавад, ки бар асари он дар солҳои 30-юми қарни гузашта ҳудуди якуним миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Дар давраи аз соли 1921 то соли 1954 дар пайи таъқиби сиёсӣ дар Қазокистон 100 хазор нафар зиндонӣ шуда, 25 ҳазор нафар қатл гардидаанд. Дар ҳудуди Қазоқситон калонтарин лагерҳо барои бадарғашудагон сохта шуда буд, ки дар он беш аз 5 миллион нафар нигоҳдорӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Додгоҳи олии Ӯзбакистон боз 240 нафарро, ки давоми солҳои 1920 - 1931 қурбони таъқиботи давлати Шӯравӣ шуда буданд, сафед кард. Онҳо дар муқовимати мусаллаҳона ба мақомоти шӯравӣ (иштирок дар ҳаракати босмачигарӣ) айбдор шуда буданд.
“...аз соли 1929 то соли 1931 дар вилоятҳои мухталифи ҳудуди Қорақалпоқистони имрӯза, вилоятҳои Сурхондарё, Навоӣ, Самарқанд ва Қашқадарё 240 нафар шаҳрвандони ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Қазоқистон ба иштирок дар харакати босмачиён, ташкил кардани дастаҳои мусаллаҳ ва амалиёт бо мақсади шӯришҳои мусаллаҳона ё амалиёти контрреволюционӣ ба муқобили ҳокимияти Шӯравӣ гунаҳкор шуда буданд. Додгоҳи олӣ эътирози муовини додситони кулли Ӯзбекистонро аз рӯи ин парвандаҳои ҷиноӣ ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ қонеъ кард. Дар натиҷа, тибқи моддаи 83-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ 240 нафар сафед карда шуданд”, - навишт сомонаи Додгоҳи олии Ӯзбекистон.
Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон чандин сол аст, ки ба бозбинии таърихи хеш пардохта, нафарони зиёди дар пайи таъқибот маҳкумшуда сафед шуданд. Ба навиштаи gazeta.uz пештар 616 нафари дигар сафед карда шуда буданд. Ҳамин тавр, шумораи умумии сафедшудагон дар Ӯзбекистон ба 856 нафар расидааст.
Ба навиштаи ин расона, рӯйхати қурбониёни таъқибот аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 октябри соли 2020 таъсис ёфтааст, бо мақсади амиқтар омӯхтани мерос ва пос доштани хотираи қурбониёни ин ҳодиса таҳия шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон чандин сол аст, рӯшанфикрон аз зарурати бозбинии таърихи сад соли пеш ҳарф мезананд ва таъкид мекунанд, ки ҳаракати “муқовимат”, ки дар замони Шӯравӣ “босмачигарӣ” муаррифӣ шуда буд, бояд таҳлили ҳамаҷониба гардад. Ҳамчунин, онҳое, ки дар замони Шӯравӣ чун “душмани халқ” бадарға шуда буданд, бояд сафед шаванд.
Аз ҷумла, силсиламақолаи доктори илми таърих Сайфуллоҳи Муллоҷонон оид ба таърихи сад соли пеши Тоҷикистонро метавон чун кӯшиши таҳқиқи холисонае унвон кард, ки бо дидгоҳи мутафовит аз андешаи муҳаққиқони аҳди Шӯравӣ иншо шудааст.
Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар ин замина иқдоме рӯйи даст нагирифтааст.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста