Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба Эрон оғоз шуд, таваҷҷуҳро ба Ховари Миёна бештар аз ҳар вақти дигар ҷалб кард. Коршиносони зиёд дар бораи ин ҷанг ва заминаву паёмади он ибрози назар мекунанд. Пас аз эълони оташбас, ҳамакнун аксар ба суоли “кӣ бурду кӣ бохт” посух меҷӯянд. Мо аз Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсии минтақа аз Тоҷикистон, ки ҷанги Исроил бо Эронро мушикофона пайгирӣ кардааст, хостем дар бораи сабақҳои ин ҷанг андешаи худро нигошта бошад.
Пас аз 12 рӯзи набарди мустақими низомӣ миёни Исроилу Эрон ҳар ду тараф пешниҳоди оташбасро пазируфтанд. Аммо мусалламан оташбас ҳанӯз ба маънои сулҳ нест ва шояд аз ин фурсат барои бозсозии тавони низомӣ истифода шавад ва дигарбора даргириҳои ҷиддитари низомӣ рух диҳад. Чунин иттифоқе метавонад ба буҳрони амиқи сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва башарие табдил шуда, кулли ҷаҳонро таҳти таъсири мустақим қарор диҳад.
Аз барномаи ҳастаӣ то шиддати мусобиқоти таслиҳотӣ
Куллан се дарсади таъсисоти ҳастаии ҷаҳон ба Эрон тааллуқ дорад, аммо Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ беш аз 20 дарсади бозрасиҳои худро дар Эрон анҷом додааст. Агар ҷузъитарин далели ба самти низомишавӣ пеш рафтани барномаи ҳастаии Эрон вуҷуд медошт, кайҳо таҳримҳои иқтисодиро чандбаробарӣ кардаву хеле пештар аз ин ба таҳдиди мустақими низомӣ мегузаштанд. Ин ҷо рафтори дугонаи Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ СММ бисёр возеҳу рушан дида мешавад. Зеро Эроне, ки узви Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ будаву Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро имзо кардааст ва дарҳои худро бар рӯи бозрасҳои байналмиллалӣ боз гузоштаааст, мавриди таҷовуз қарор мегирад. Вале касе ба Исроил, ки аз назари теъдоди кулоҳакҳои ҳастаӣ шашумин қудрати ҳастаии ҷаҳон будаву Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро имзо накарда ва бозрасони байналмиллалиро ба таъсисоти марбутаи худ роҳ намедиҳад, коре надорад. Чунин рафтори дугона нишондиҳандаи нокоромадии ошкори назми мавҷуди ҷаҳонист, ки агар ба сурати ҷиддӣ тағйир накунад, дунё шоҳиди ҳарҷу марҷ ва бесуботиҳои густардатаре хоҳад шуд.

Бархе аз таҳлилгарон бар онанд, ки пас аз таҷовузи Исроил ба Эрон мусобиқоти таслиҳотӣ шиддат хоҳад гирифт ва кишварҳои бештаре ба фикри дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ (ба унвони абзори боздорандагӣ) хоҳанд шуд, то амнияти худро беҳтар таъмину тазмин кунанд. Аммо ин ҷо низ Эрон амалкарди истисноӣ нишон дод ва бидуни доштани чунин як силоҳе ду қудрати ҳастаиро водор ба оташбас кард, ки итифоқест камсобиқа.
Пойгоҳҳои хориҷӣ ва замонати амнияти миллӣ
Ин ҷанг як воқеияти дигарро ҳам нишон дод. Пас аз ҳамлаи ҳавоии Эрон ба пойгоҳи ИМА дар Қатар кишварҳои пазирандаи низомиёни хориҷӣ дар Ховари Миёна ин воқеиятро беҳтар пай бурданд, ки дар арсаи низомӣ вобастагии роҳбурдӣ ҳатто ба бузургтарин қудрати ҷаҳонӣ наметавонад замонати таъмини амнияти бечуну чарои миллӣ бошад. Ба умеди тавони низомии дигарон будан мумкин аст боиси бепарвоӣ ва коҳилӣ дар таъмини тавони дифоъии кишвар шавад. Шояд пас аз ҷанги 12 рӯза бумисозии амният ба яке аз ҳадафҳои муҳимми дарозмуддати кишварҳои арабии Халиҷи Форс табдил шавад. Дақиқан ҳамин омил буд, ки бо вуҷуди аз байн бурдани фармондеҳони аршади низомӣ ва донишмандони барҷастаи ҳастаии Эрон заъфу нотавонии хосе дар мудирияти ҷанг пеш наомад.
Гузашта аз ин ҳама, осеб дидани тасаввури шикастнопазирии сомонаҳои зиддиҳавоии Исроил метавонад боиси сардии бозори фурӯши таҷҳизоту таслиҳоти марбутаи кишварҳои ғарбӣ ва махсусан ИМА шавад. Аз ин ҷост, ки ба шиддат аз интишори хабарҳои марбут ба хисорот дидани таъсисоти муҳимми низомӣ ва роҳбурдии Исроил аз сӯйи ин кишварҳо ҷилавгирӣ шудаву мешавад.
Қудрати офандӣ ва заъфҳои падофандии Эрон
Дар ин ҷанг тавони офандии (ҳамлаҳои ҳавоӣ) Эрон ба маротиб қавитар аз тавони падофандии (дифоъи зиддиҳавоӣ) он буд. Мушакҳои фаросавтии эронӣ тавонистанд чанд сатҳи дифоъи ҳавоии Исроил, аз ҷумла “Гунбади оҳанин”-ро гузашта, ба ҳадафҳои мавриди назари худ бирасанд. Қудрати мушакии Эрон ва густурдагии хисороти воридшуда ба Исроилро ҳатто коршиносони низомӣ низ пешбинӣ намекарданд.
Аммо дар заминаи падофандӣ заъфи Эрон боиси нуфузи ҷангандаҳои исроилӣ ба фазои кишвар ва хисороти зиёде ба таъсисоти низомиву умумӣ шуд. Ба эҳтимоли зиёд дар ояндаи наздик навсозии новгони ҳавоии Эрон дар авлавияти сиёсати дифоъии кишвар қарор хоҳад гирифт, ки ахбори расонаҳо дар бораи музокироти Теҳрону Пекин барои хариди насли нави ҳавопаймоҳои ҷангии чинӣ тасдиқи ин пешбинист. Зимнан чунин ҳавопаймоҳои ҷангии чинӣ короии муносиби худро дар даргириҳои ахири миёни Покистону Ҳинд нишон доданд. Албатта, ба самти Чин рафтани Эрон ба ин далел аст, ки бо вуҷуди тавофуқи байни Теҳрону Маскав ҳанӯз таҷҳизоти низомии мавриди ниёзи Эрон, аз ҷумла сомонаи мушакии зиддиҳавоии С-400 ва ҳавопаймоҳои ҷангии Су-35, ба ин кишвар вогузор нашудааст. Гӯё Эрон тасмими хариди ҳудуди 50 ҳавопаймои ҷангии чиниро дорад, ки амалӣ шудани ин иқдом то ҳадди зиёде қудрати падофандӣ ё дифоъи зиддиҳавоии онро афзоиш хоҳад дод.

Дар шинохти шарикон
Нуктаи дигар ин аст, ки ҷанги 12 рӯза фақат рӯёрӯии мустақими низомӣ набуд, балки барои ҳарду тараф фурсатеро фароҳам кард то шарикону дӯстони воқии худро биозмоянд. Исроил бо вуҷуди ин ки бархилофи маншури СММ ва ҳуқуқи байналмиллал даст ба таҷовузи низомӣ алайҳи кишвари дигаре зад, мавриди пуштибонии густурдаву бедареғи ИМА ва чандин кишвари аврупоӣ қарор гирифт. Яъне бо вуҷуди он ки Исроил ҳуқуқи байналмиллалро поймол карда буд, шарику ҳампаймонашонро танҳо намонданд ва силоҳу таҷҳизоти низомии мавриди ниёзашро дар ихтиёраш гузоштанд.
Аммо Эроне, ки ба он таҷовуз шуд, дар майдони ҷанг тани танҳо монд ва ҳимояи шариконаш асосан маҳдуд ба баёнияҳои сиёсӣ буд. (Ба қавли яке аз коршиносони эронӣ, пуштибонии яке аз шарикони роҳбурдии Эрон, ки ҳамсояи кишвар низ мебошад, танҳо маҳдуд ба “салом расондан...” буду бас). Эрон бори дигар ба таври яқин ин ҳақиқатро дарк кард, ки шарики аслии он мардум ва тавони низомиаш аст. Бо худ доштани мардум ва қудрати низомӣ монанди ду боли паранда аст, ки набудани яке аз онҳо боиси варшикастагӣ мешавад.
Дар воқеъ мардуми Эрон аз ҳар қавму нажод, аз ҳар дину мазҳаб ва аз мувофиқону мухолифони низоми ҳокимиятӣ бархилофи интизори хелеҳо манфиатҳои худро канор гузоштанд ва ба манфиатҳои калони миллӣ, ки ҳифзи Ватан ва сарзаминашон буд, андешиданд. Ҳатто ин руҳия дар миёни садҳо ҳазор эронии муқими кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ИМА ва Аврупо низ ба таври бисёр возеҳу рушан мушоҳида мешуд. Садҳо тан аз шахсиятҳои сиёсиву иҷтимоии зидди низоми кунунии Эрон бо маҳкум кардани таҷовузи низомӣ ба хоки кишварашон худро дар сангари ҳимоят аз Ватан ва ваҳдати миллӣ қарор доданд. Ин як иқдоми пурарзиш ва дарси бузурги ватандӯстии воқеӣ буд. Бинобар ин, эҳтимоли тағйири мусбати нигоҳи ҳокимиятии Эрон ба қишрҳои мухталифи ҷомеа комилан имконпазир мебошад.

Умеди абас аз созмонҳои байналмилалӣ
Як воқеияти дигарро ҳам наметавон нодида гирифт. Хелеҳо дар Эрон бар ин бовар буданд, ки узвият дар сохторҳое монанди Созмони ҳамкории Шанхай ё Созмони БРИКС, ки Русия ва Чин ба унвони ду қудрати муҳим ва узви доими Шурои амнияти СММ дар онҳо ҳузур доранд, мизони осебпазирии кишварашонро дар баробари ИМА ва Ғарб коҳиш хоҳад дод. Аммо ҷанги 12 рӯза нишон дод, ки воқеият чизи дигарест. ИМА ва кишварҳои аврупоӣ ҳатто ба шарики роҳбурдии Русияву Чин будани Эрон низ аҳамияти чандоне надоданд.
Барои Исроил ва ИМА аз байн бурдани барномаи ҳастаӣ, тавони мушакӣ ва паҳподии Эрон ва сипас аз роҳи эҷоди ошубу бесуботӣ тағйири низоми ҳокимиятии ин кишвар аз муҳимтарин ҳадафҳо буд. Аммо амалан ҳеч кадом аз инҳо иттифоқ наафтод. Яъне Эрон бо вуҷуди танҳоӣ тавонист манфиатҳои роҳбурдиву ҳаётии худро ҳифз кунад.
Ҳамон гуна, ки дар ибтидои матлаб ишора шуд, ба далели заъфи СММ ва рақобатҳои носолими миёни қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ такрори даргириҳо комилан имконпазир аст. Қудрати мушакии Эрон, ки дар ҷараёни ҷанги 12 рӯза зоҳиран танҳо бахше аз он ба кор гирифта шуд, ба ҳайбату ғурури ИМА ва Исроили таҳти ҳимояташ латма задааст, ки ҳатман ба фикри ҷуброни онанд. Ин кор ба чӣ шакл ва дар чӣ замоне сурат хоҳад гирифт, қобили пешбинӣ нест. Аммо нуктае, ки умедворӣ эҷод мекунад ин аст, ки дар ҳоли ҳозир ҷанг ба нафъи ИМА ва раисҷумҳури он Доналд Трамп нест. Афкори ҷамъиятии зиддиҷангии ИМА, ки бо тазоҳуроту роҳпаймоиҳои густурдаи мардуми ин кишвар ифода ёфт, аз чунин коре истиқбол нахоҳад кард. Зеро раиси ҷумҳури ИМА бо шиори хомӯш кардани оташи ҷангу бозгардонидани сарбозони амрикоӣ ба кишварашон ба қудрат расид ва хилофи интизороти мардум иқдом кардан шояд боиси ба чолиш кашидани бақои умри сиёсиаш шавад.



Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста