Пит Тейлор, падари боксчидухтари Ирландия ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Кэти Тейлор, ки чанде қабл дар қувваозмоии ниманиҳоӣ бар варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дастболо шуд, ба журналистон изҳор кардааст, ки ҳарифи духтари ӯ «дарвоқеъ ҳам хатарнок» буд.
Пит Тейлор зикр кардааст, ки Мавзуна «хеле серҳаракату чолок» буд. Расонаҳои хабарии хориҷӣ иттилоъ медиҳанд, ки ӯ аз қувваозмоии Мавзуна Чориева бо варзишгари Чин Ченг Донг дар тааҷҷуб афтодааст.
«Дар Олимпиада тактикаи Мавзуна нисбат ба Чемпионати ҷаҳон дар Пекин дигаргун шуда, ӯ тактикаи навро азхуд намудааст. Шумо худ шоҳид будед, ки ҳарчанд қаду қомати Ченг Донг аз ӯ хеле баландтар бошад ҳам, ӯ чӣ гуна хуб ҳунарнамоӣ карда, бо ҳисоби 13 бар 9 ғолиб омад», - гуфтааст Пит Тейлор.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти бокс дар Олимпиадаи Лондон варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориеваи 19-сола аз намояндаи Ирландия, қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба бокси занона Кэти Тейлор бо ҳисоби 17 бар 9 шикаст хӯрд.
Ёдрас мекунем, ки дар қувваозмоии қаблии чаҳорякниҳойӣ Мавзуна Чориева бар намояндаи Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медалҳои биринҷии Олимпиадаро таъмин намуд.
Айни замон Мавзуна Чориева ягона варзишгари дастаи олимпии Тоҷикистон аст, ки ба Тоҷикистон медали олимпӣ ба даст овард. Қувваозмоиҳои боз шаш нафар варзишгарони дастаи олмипии Тоҷикистон – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов (таэквондо), Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва ҳамчунин Искандар Рустамов (ҳама гӯштини тарзи озод) дар пеш аст.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста