Дар мусобиқаи ХХХII-уми умумиросиягӣ оид ба дзюдо дар вазни то 100 кг паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён барандаи медали тило гардид.
Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар дод, мусобиқаи мазкур дар шаҳри Новосибирскии Русия таҳти унвони «Дӯстии халқҳо» бо ширкати зиёда аз 100 варзишгари кишварҳои ҳамсоя баргузор шуд. «Комроншоҳ дар панҷ муҳорибаи хеш тавонист бо усули маъруфи иппон ҳарифонро шикаст диҳад», - гуфт вай.
Бояд тазаккур дод, ки Комроншоҳи Устопириён 19-сол дошта, соли 2012 ду маротиба барандаи Ҷоми Аврупо (ҳам миёни ҷавонон ва ҳам бузургсолон), ду маротиба барандаи медали тилои мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё (Тайван моҳи октябр) дар риштаи дзюдо гардидааст.
Инчунин дар намуди самбо се маротиба унвони қаҳрамони Ҷаҳон миёни ҷавононро ба даст овардааст.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста