Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс – 2013 (AIBA) оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи бокси ҶТ Аббос Неъматуллоев хабар дод, дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд. «Дар вазни то 52 кило имрӯз дар вохӯрии нахуст Шаҳриёр Аҳмедов бо боксчии украинӣ Александр Шепелюк рақобат мекунад», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар вазни то 56 кило муштзани тоҷик Ораз Афзалшоев рӯзи 17-уми октябр дар вохӯрии нахуст бо варзишгари озарбоҷонӣ Ҷовид Чалабиев қувваозмоӣ намуда, иштирокчии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Анвар Юнусов дар вазни то 60 кило мутобиқи қуръапартоӣ мусобиқотро якбора аз даври дуюм рӯзи 20-уми октябр оғоз намуда, ғолиби вохӯрии Майкл Александер (Тринидад ва Тобаго) – Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) рақиби ӯ хоҳад шуд.
«Дар вазни то 64 кило варзишгари тоҷик Шавкатҷон Раҳимов рӯзи 15-уми октябр бо Адилсон Ҷустино (Ангола) рақобат карда, якбора аз даври дуюм боксчии тоҷик Наврӯз Ҷафоев ғолиби вохӯрии Азизбек Абдуғаффоров (Ӯзбекистон) – Ҷоветт Ҷин (ҷазираҳои Сейшел)-ро интизор хоҳад буд», - гуфт дабири кулли федератсия.
Ба қавли Неъматуллоев, аз намояндагони Тоҷикистон нахустин шуда Ҷаҳон Қурбонови 26-сола (вазни 91 кило) имрӯз бо боксчии гурҷӣ Леван Гуледани ба рақобат мепардозад. «Дар вазни зиёда аз 91 кило Меҳроҷиддин Каримов 21-сола дар вохӯрии нахуст бо боксчии Ҳиндустон Кумар Сатиш қувваозмоӣ мекунад», - афзуд номбурда.
Мусобиқоти XVII-уми Чемпионати ҷаҳони оид ба бокс (AIBA) миёни калонсолон аз 14 то 26-уми октябр дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад. Дар ин мусобиқоти 576 нафар варзишгарон аз 118 кишвари дунё ширкат меварзанд. Зимни мусобиқот дар маҷмӯъ барои дарёфти 10 комплекти медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд.
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста