Шоми имрӯз дар Бейрут (Лубнон) дар даври гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) вохӯрии охирини дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2013 бо дастаи «Сафо»-и ин кишвар доир мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, санаи 22-юми апрел ҳайати дастаи «Равшан» ба Бейрут раҳсипор шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти имсолаи Ҷоми КФО дастаи «Равшан» дар ҳамаи панҷ бозиҳо ба шикаст мувоҷеҳ гардида, новобаста аз натиҷаи бозии охирин, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд.
Дур гурӯҳи «А»-и мусобиқоти мазкур, ки дастаи «Равшан» дар он бозӣ мекунад, пас аз панҷ давр тимҳои «Сафо»-и Лубнон (13 имтиёз) ва «Зат Рас»-и Урдун (10 имтиёз) зинаҳои аввалро ишғол намуда, пеш аз муҳлат ба даври 1/8 финалии мусобиқот роҳхат гирифтанд.
Дастаи «Ал-Сувайк» (Уммон) бо касби 6 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифта, тими «Равшан» то ҳол ҳеҷ имтиёзе ба даст наовардааст.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста