Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон оид ба футбол – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии охирини давраи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар меҳмонӣ бо дастаи «Сафо»-и Лубнон дар Бейрут баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 0 бар 8 шикаст хӯрд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, бозии дигари ин гурӯҳ байни «Ал Сувайқ»-и Умон ва «Зат Рас»-и Урдун бо ҳисоби 0-0 хотима ёфт.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти имсолаи Ҷоми КФО дастаи «Равшан» дар ҳамаи шаш бозиҳо ба шикаст мувоҷеҳ гардида, ҳеҷ имтиёзе ба даст наовард ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд.
Дар гурӯҳи «А»-и мусобиқоти мазкур, ки дастаи «Равшан» дар он бозӣ мекард, пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ тимҳои «Сафо»-и Лубнон (16 имтиёз) ва «Зат Рас»-и Урдун (11 имтиёз) зинаҳои аввалро ишғол намуда, ба даври 1/8 финалии мусобиқот роҳхат гирифтанд. Дастаи «Ал-Сувайк» (Уммон) бо касби 7 имтиёз дар зинаи сеюм қарор гирифт.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста