Мавзуна Чориев, муштзани машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ бародарон Абдувалӣ ва Нурғозӣ Арзиевҳо дар Қирғизистон медали тилло ба даст овард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард.
Ба иттилои манбаъ, инчунин дар ин мусобиқа муштзани тоҷик Меҳроҷиддин Каримов, ки бо номи «Гулливери тоҷик» маъруф аст, дар сабқати мардон дар вазни беш аз 91 килограмм бо медали тилло сарфароз гашт.
Гуфта мешавад, ин мусобиқаи 5-уми байналмилалӣ аз 28-уми май то 1-уми июн дар шаҳри Ӯш баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Мардон дар 10 вазн ва занон дар 3 вазн рақобат карданд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста