Ҳаҷми маблағи ҷоизаи президенти мамлакат барои медали тилло дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба варзишгарони тоҷик 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди президенти ҶТ, аз ин пас барандагони медали нуқра бо 200 ҳазор ва медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ бо 150 ҳазор сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ҷудо мешавад.
Ёдрас мешавад, ки 9 январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба тасвиб расида, ин иқдоми Сарвари давлат бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаҳо рӯи даст гирифта шуд. Чанд рӯз қабл муқаррарот дар бораи ин ҷоиза тасдиқ шуда, ҳаҷми маблағи пардохтпулиҳо муайян карда шуд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста