Бозиҳои даври сездаҳуми чемпионати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии миёни “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” ҷамъбаст шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дастаи соҳили Сирдарё дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд чемпиони ҳафткаратаи мамлакат “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохт.

Голҳои задаи Дилшод Бозорову Фарҳод Тоҳиров се имтиёзи қимматро насиби командаи Нумонҷон Юсупов гардониданд. Як голи металлургҳоро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Комил Саидов ба самар расонд.

Баъди ин ғалаба “Хуҷанд” бо 30 имтиёз мавқеашро дар зинаи дуюми ҷадвали чемпионат мустаҳкамтар сохт. “Регар-ТадАЗ” бо 23 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад. Металлургҳо нисбат ба чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа аст, ҳамагӣ се имтиёз камтар доранд.

Бозиҳои дигари давраи 13-ум тариқи зайл анҷом пазируфтанд: Истиқлол» - «Далерон Ӯротеппа» - 4:0; «Вахш» - «Хайр» - 1:1; КМВА «Помир» - «Барқи тоҷик» - 1:0 ва «Парвоз» - «Равшан» - 0:5.