Бозии ҷавобии даври чаҳорякфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 миёни дастаҳои «Паҳанг»-и Малайзия ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Куантана доир гардид, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи дастаи «Паҳанг» анҷом ёфта, аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (бозии аввал - 4 бар 0 ба нафъи «Истиқлол») дастаи «Истиқлол» бори нахуст дар таърихи футболи Тоҷикистон ба даври нимфиналии Ҷоми КФО роҳ ёфт.

Бино ба маълуомти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», голи ягона дар ин бозӣ аз дастаи душанбегиҳоро Хуршед Маҳмудов ба ҳадаф расонид.

Қобили зикр аст, ки дар давраи нимфиналии Ҷоми КФО-2015 дастаи «Истиқлол» бо тими «Кувайт» бозӣ мекунад.