Лигаи миллии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015-ро муайян кард.

Менеҷери Лига Алишер Ӯрунов ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ додааст, ки ин бозӣ рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида, оғози бозӣ соати 14-00 муқаррар шудааст. Дар бозии 24-уми финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳам рақобат мекунанд.

Ҳамчун қаҳрамони мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Истиқлол» аллакай ба даври гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми футболи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 роҳхат гирифт. Дар сурати пирӯзии дастаи «Регар-ТадАЗ» дар ин вохӯрӣ, ин даста ба давраи интихобии Ҷоми КФО-2016 роҳ меёбад, вале дар сурати ғалабаи дастаи «Истиқлол», Тоҷикистонро дар даври интихобии Ҷоми КФО-2016 дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи мамалакат дар соли равон намояндагӣ мекунад.

Барои ишғоли зинаи дуюм дар мусобиқи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бештар имкон дорад. Барои соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи чемпионат, хуҷандиҳоро зарур аст, ки дар ду бозии боқимонда бо дастахои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Равшан»-и Кӯлоб як ғалаба ба даст оранд.