Мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистонро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 омода мекунад. Мусобиқа аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишвар, инчунин сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев ва устоди ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Баҳодур Сӯфиев шомил гаштанд. Мураббии омодагии ҷисмонии даста, мутахассиси украинӣ Владимир Власенко таъин шуда, дарвозабонҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии Амоншо Содатсайров тамрин хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2016 аз 16 то 24 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир мешавад. Дар сабқати навбатии Ҷоми Иттиҳод ҳамагӣ 8 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат мекунад. Қаблан шумораи иштирокчиёни ин мусобиқа 12 даста буд.
Дар сабқат бозигарони солҳои таваллудашон 1994 ва аз ин боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Дар Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдова, Эстония ва Литва иштирок мекунанд.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста