Дар Хонаи футболи Иттифоқи футболи Русия дар Маскав рӯзи 17 декабр маросими қуръапартоии мусобиқаи футболи Ҷоми Иттиҳод-2016 доир гардид, ки дар натиҷа 8 даста ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» қарор гирифта, бо дастаҳои Русия, Латвия ва Эстония қувваозмоӣ мекунад. Гурӯҳи «А» аз дастаҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова иборат аст. Мусобиқа аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа омода мекунад. Ба ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишвар, инчунин сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев ва устоди ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Баҳодур Сӯфиев шомил гаштанд. Мураббии омодагии ҷисмонии даста, мутахассиси украинӣ Владимир Власенко таъин шуда, дарвозабонҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии Амоншо Содатсайров тамрин хоҳанд кард.
Натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқаи футболи Ҷоми Иттиҳод-2016:
Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.
Группа «В»: Латвия, Эстония, Русия, Тоҷикистон.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста