Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли гузашта - дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор баъди мусовӣ дар бозӣ бо тими «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон ба даври дигари марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 роҳ ёфт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ҷавобии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусовӣ - 0 бар 0 анҷом ёфта, аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал (1:0) «Ҳосилот» ба даври дигар роҳхат гирифт.

Дар марҳилаи дуюми интихобӣ барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳӣ «Ҳосилот» бо дастаи «Дордой»-и Бишкек қуваозмоӣ мекунад. Дастаи Қирғизистон дар даври аввал бар дастаи «Балкан»-и Турманистон (ҳисоби бозиҳо - 1:1 ва 2:1) дастболо шуд.

Бозии аввали марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми КФО-2017 миёни «Ҳосилот» ва «Дордой» 21-уми дар шаҳри Ош ва бозии ҷавобӣ санаи 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.