Ҳамлагари аргентинии дастаи “Барселона”-и испания Лионел Месси раҳбарияти тимро огоҳ кард, ки нияти ба наздикӣ тарк кардани ҳайати дастаро дорад. Дар ин бора РИА Спорт хабар медиҳад.

Тавре ин нашрия қайд мекунад, як манбаи шиноси наздики аргентинӣ дар “Барселона” гуфтааст, тасмими Месси қатъӣ буда, ӯ боре ҳам надидааст, ки футболбоз то ба ин ҳад ҳайати тимро тарк кардан мехоҳад.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар вохӯрии чаҳорякфиналии Лигаи чемпионҳо дар Лиссабон (Португалия) “Барселона” аз дастаи “Бавария”-и Мюнхен бо ҳисоби калони 2:8 шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи бозиҳо дар ин мусобиқаи бонуфузи Аврупо маҳрум шуд. Аз соли 1946 бори аввал аст, ки дар як бозӣ ба дарвозаи “Барселона” 8 гол ворид карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки созишномаи Лионел Месси бо “Барселона” то тобистони соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Mundo Deportivo, “Барселона” маблағи ба дигар даста гузаштани Мессиро муайн кард.

Бино ба маълумоти нашрия, “Барселона” ҳоло ҳам умедвор аст, ки Месси то анҷоми муҳлати қарордод дастаро тарк намекунад.

Аммо раҳбарияти даста аз эҳтимол дур намедонад, ки дар сурати аз ҷониби дастаи харидор пардохт шудани маблағи ҳаққи гузашт дар ҳаҷми 700 млн евро, Месси “Барселона”-ро тарк карда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.