Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Сайфулло Азимов, муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ниболиғи ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми абад содир кардааст. Дар ин бора Ҳалим Иброҳимов, падари оилаи кушташуда ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, мурофиаи охирин рӯзи 8-уми декабр дар Додгоҳи олӣ баргузор шудаааст.

“Додрас ба Сайфулло Азимов ҳукми абад дод. Ман ҳам ҳаминро мехостам. Аз ҳукми суд розиям”, - гуфт Ҳалим Иброҳимов.

Ба иттилои бадастовардаи “Азия-Плюс”, нисбати Н.С., муттаҳами дигари ин куштор ҳам, ки ноболиғ аст, ҳукми додгоҳ содир шудааст, вале мо ба далели манъи қонунгузорӣ онро расонаӣ карда наметавонем. Қаблан гуфта мешуд, ки мурифиаи ду гумонбар аз ҳамдигар ҷудо баргузор гардидааст.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки дар робита ба ин парванда назари Додситонии кул ва Додгоҳи олиро гирад. Ҳамчунин, назари пайвандон ва вакили дифои маҳкумшудаҳо ба ҳукм маълум нест.

Аз судури ҳукми додгоҳ бори аввал имрӯз Радиои Озодӣ хабар дод.

Куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир ва пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ шуд. Дар пайи он Шаҳло Назарова, модари 44-сола ва Ҳабибаи 17-сола, Ҳамидаи 15-сола ва Шарифи 12-сола ҷон бохтанд.

 

Сайфулло Азимов (аз чап)
Намогирифт аз навори ВКД

Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд.

Дертар, Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, ҳам бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор кард.

Ҳалим Иброҳимов гуфта буд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад. Н.С., маҳкумшудаи дигар аз пайвандони Сайфулло Азимов аст, вале дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад.

“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, - қаблан гуфта буд Иброҳимов.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳам расман тасдиқ карда буд, ки дар куштори чаҳор узви як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ ду гумонбар боздошт шудаанд.

Рӯзноманигори “Азия-Плюс” қаблан аз вазъи зиндагӣ ва рӯҳияи сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: “Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.