Дар вохӯрии оғози мавсими нави футбол - Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи қаҳрамони кишвар “Истиқлол”-и Душанбе бо дорандаи Ҷоми футболи ҷумҳурӣ -  тими “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунад.

Бо бозӣ барои дарёфти Суперҷом як ҳафта пеш аз даври якум мавсими навбатии футбол дар Тоҷикистон расман оғоз мегардад. Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ ва агар дар ин қисмҳо низ ғолиб муайян нашавад, зарбаҳои 11-метра таъин мешаванд.

Бозиҳо барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор шуда, дастаи “Истиқлол” 8 маротиба соҳиби он шудааст: солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019.

Соли 2013 “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:2 шикаст дода, ба Суперҷом соҳиб шуд.

Соли 2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар Ҳисор бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, бар дарёфти ин ҷоиза ноил гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.