Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён ду ҷудокори варзидаи тоҷик, ки қарор буд дар Гарнд Слам ё Тоскулоҳи Бузурги Будапешти Маҷористон ширкат кунанд, аз ҳаққи иштирок дар сабқатҳо маҳрум шуданд. Сомон Маҳмадбеков, ки ҳоло дар Будапешт қарор дорад, ба далели ин ки тести коронавируси мураббии ҷопонияш натиҷаи мусбат додааст, аз ҳаққи ҳунарнамоӣ маҳрум карда шудааст.
Яке аз мураббиёни Сомон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “ҳарчанд тести худи Сомон натиҷааш манфӣ буд, аммо ба далели ин ки тести мураббии ҷопонияш натиҷаи мусбат дод, Сомонро ҳам аз сабқат маҳрум карданд”. Ба гуфтаи ин мураббӣ, Сомон ва мураббии ҷопонияш қабл аз сафар тест супурда буданд, ки натиҷаи манфӣ дода буд, вале тести дубораи мураббияш натиҷаи мусбат додааст.
Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори дигари тоҷик ба далели мушкилоти марбут ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 натавонист ба Будапешт бирасад. Ҳоло Комроншоҳ дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб қарор дорад ва фардо қарор аст, дубора ба Тоҷикистон баргардад.
Ба гуфтаи худи Комроншоҳ, мувофиқи қоидаҳои беҳдоштии Маҷористон ва Иттиҳодия Аврупо дар давраи ҳамагирӣ варзишкорон барои роҳ ёфтан ба ин сабқати варзишӣ танҳо бояд як миёнпарвоз (пересадка) дошта бошанду халос. Аммо Комроншоҳ мегӯяд, ки то расидан ба Будапешт аз Душанбе аввал ба Дубай, аз он ҷо ба Амстердам ва сипас бояд ба Будапешт мерасид, ки ин хилофи қоидаҳои беҳдоштӣ будааст, ки ӯро дар Дубай аз идомаи сафар маҳрум кардаанд.
Ба суоли ин ки оё варзишгар то сафар ба Дубай ин қоидаҳоро намедонист, Комроншоҳ дар як суҳбати катбӣ гуфт, ки “ин ҷо иштибоҳи ширкати билетфурӯшӣ шудааст, ки қоидаҳои сафар дар қаламрави Иттиҳодия Урупо дар давраи ҳамагирии коронавирусро дуруст намедонистааст”.
Аз ибтидо қарор буд дар Гранд Слами Бедапешт, ки 23-25 октябр баргузор мешавад, панҷ ҷудокори тоҷик ширкат кунанд. Аммо баъдан ба далелҳои мушкилоти сафар, Шакармамад Мирмамадов, Темур Раҳимов ва Акмал Муродов қабл аз сафари ҳайати Тоҷикистон ба Будапешт аз ҳаққи иштирок дар ин сабқат маҳрум шуда буданд.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 бояд дар ин сабқати ҷудокорон, ки баъди ҳамагирии коронавирус нахустин мусобиқаи ҷаҳоние буд, ки таҳти сарпарастии IJF (Федератсияи ҷаҳонии ҷудо) баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ мекарданд ва имтиёзҳои олимпӣ ба даст меоварданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста