Сомон Маҳмадбеков паҳлавони муъруфи риштаи ҷудои Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 субҳи имрӯз дар вазни -73 кг ҳунарнамоӣ кард, баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрд.
Сомон дар даври аввал бар намояндаии кишвари паноҳандаҳо Аҳмад Аликайро пирӯз шуд. Дар даври 1/16 финал Сомони ҷудокори кишвари Гамбия Файе Нжие мағлуб кард.
Аммо дар даври 1/8 финал Сомон аз ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 ҷудокори маъруфи озарӣ, Рустам Оруҷов шикаст хӯрд.
Аз ин пештар, рӯзи 25-уми июл дар Олимпиадаи Токио ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карданд. Нахуст Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикана вориди сабқат шуд. Ин қувваозмоӣ бо пирӯзии Баҳодур бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Муштзани тоҷик ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Сипас Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Даксианг Чен аз Чин вориди рақобат шуд. Дар ин сабқат намояндаи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Шаббос аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста