Дар сабқатҳои Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон оғоз шуданд 28 паҳлавони Тоҷикистон ширкат мекунанд. Сабқатҳо миёни наврасон рӯзҳои 5-6 ва миёни ҷавонон рӯзҳои 7-8 апрел баргузор мешаванд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳои Tashkent Asian Cadet Cup & Tashkent Asian Junior Cup 2022 28 ҷудокор - 8 наврас ва 20 нафар дар сабқати ҷавонон, муаррифӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар сабқатҳо миёни наврасон аз Тоҷикистон Икром Шамсов (-50kg), Исмоил Холбобоев (55kg), Муҳаммадиқбол Охунзода (-60kg), Ҳилол Раҳмонов (-60kg), Абдулло Рустамзода (60kg), Ҳамза Шарифов (-66kg), Ҷаҳонгир Норов (-81kg) ва Абдусамади Ҷумъазода (-90kg) ширкат мекунанд.
Намояндаҳои Тоҷикистон дар сабқати ҷавонон ҷудокороне чун Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Абдулло Сайфуллоев, Файзулло Давлатов (ҳар се дар вазни (-60kg), Анушервон Қувватов, Фирӯзҷони Мелибойзода, Эмомалӣ Нуралӣ (ҳар се дар вазни -66kg), Масъуди Аҳмадзод, Сунатулло Мусоев, Сайфиддин Боймирзоев, Абубакр Боқиев (ҳар чор дар вазни -73kg), Муҳаммадиқбол Тошов, Сунатулло Лоиқов, Кароматулло Мирзоев, Музамир Каримзода (ҳар чор дар вазни -81kg), Мӯҳсин Малаев, Сомонӣ Кишваров (ҳар ду дар вазни -90kg), Мансур Раҳмон, Эмомризо Анварзода (ҳар ду дар вазни -100kg) ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100kg мебошанд.
Ин мусобиқот соати 10.00 имрӯз ба ваҳти Душанбе оғоз шуданд, ки марҳилаи ниҳоии сабқатҳо соати 17.00 оғоз мешавадва ин тартиб то поёни мусобиқаҳо давом мекунад.
Имрӯз миёни наврасон бонувони вазнҳои -40 kg. -44 kg, -48 kg, -52 kg ва мардони вазнҳои -50 kg. -55 kg. -60 kg, -66 kg вориди рақобат мешаванд.
Фардо,6-уми апрел бонувони -57 kg.-63 kg. -70 kg, +70 kg ва мардони -73 kg, -81 kg, -90 kg, +90 kg ҳунарнамоӣ мекунанд.
Рӯзи 7-уми апрел сабқатҳои ҷавонон оғоз мешаванд, ки дар рӯзи аввал бонувони вазнҳои -40 kg, -44 kg, -48 kg, -52 kg ва мардони вазнҳои -50 kg, -55 kg, -60 kg, -66 kg ба майдон мебароянд.
Дар рӯзи 8-уми апрел бонувон дар вазнҳои -57 kg,-63 kg, -70 kg, +70 kg ва мардон дар вазнҳои -73 kg,-81 kg, -90 kg, -100 kg, +100 kg бахти варзишии худро месанҷанд.
Дар ин мусобиқот, миёни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан), байни ҷавонон 187 варзишгар (128 мард ва 59 зан) аз 4 кишвари қора ширкат меварзад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста