Имрӯз, 16-уми январ, Игор Черевченко – мураббии маъруфи рус бо бошгоҳи “Истиқлол”-и Тоҷикистон шартномаи яксола ба имзо мерасонад. Дар ин бора дирӯз, 15-уми январ, худи Черевченко ба хабаргузории “ТАСС” иттилоъ додааст.
Ӯ гуфтааст, рӯзи душанбе аз Маскав ба Душанбе парвоз мекунад ва созишномаи яксоларо дар пойтахти Тоҷикистон ба имзо мерасонад.
“Имконоти дигар вуҷуд дошт, аммо ба Тоҷикистон бартарӣ додам”, - афзудааст ин мураббии маъруф.
Черевченко дар ин мақом Алишер Тухтаевро иваз мекунад, ки пас аз рафтани Виталий Левченко дар моҳи июли соли 2022 ба ҳайси мураббии дастаи “Истиқлол” кор мекард.
Қаблан дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Спорт-Экспресс” Игор Черевченко гуфта буд, ки “бозӣ кардан дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҷолиб хоҳад буд”.
“Чемпионати ҷаҳон нишон дод, ки футбол дар Осиё пеш меравад. Дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозӣ кардан ҷолиб аст”, - мегуфт Черевченко.
Игор Черевченко дар Тоҷикистон, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши СССР ва капитани дастаи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омада, ба воя расидааст.
Фаъолияти футболи ӯ соли 1992 дар тими “Помир” оғоз шудааст. Ӯ дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ карда, узви тими миллии Тоҷикистон буд.
Ин мураббии маъруф ҳар сол ба Душанбе омада, дар мусобиқаи хотираи падараш – Геннадий Черевченкоро миёни кӯдакон иштирок мекунад. Ба гуфтаи худаш, ӯ ҳамеша, ҳатто вақте ки мураббии дастаҳои пешбари Русия буд, футболи тоҷикро пайгирӣ мекард ва бо футболбозону мураббиёни Тоҷикистон зуд-зуд сӯҳбат анҷом медод.
Ҳоло гуфта мешавад, ки барои Игор Черевченко ворид шудан ба фазои чемпионати Тоҷикистон ва роҳбарии ҳар як тими Тоҷикистон душвор нест.
Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 48 сол дорад ва дар ин авохир ба ҳайси мураббии бошгоҳи “Химки” дар Русия фаъолият мекард. Вай пеш аз ин дар бошгоҳҳои “Арсенал”-и Тула, “Балтика”-и Калининград ва “Локомотив”-и Москва кор кардааст.




Ҷангалҳо нобуд ва хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон бештар мешавад
“Дар зиндон ҷарроҳӣ шуд”. Рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода аввалин зодрӯзашро дар зиндон мегузаронад
Даргузашти Хайриддин Абдураҳимов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон. Ӯ кӣ буд?
Қобилҷон Алиевро ба хок супурданд. Намози ҷанозаи ӯ бо ҳузури муфтии кишвар хонда шуд
“Ҳеҷ гуна шароит наметавонад хушунат ба кӯдаконро сафед кунад”. Изҳороти Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ба Токио сафар кард
Се додрас “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад” аз вазифа барканор шуданд
Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади Қобилҷони дар Русия кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста