Муштзанҳои тоҷик аз Ҷоми Осиё оид ба муштзанӣ, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад, бо се нишони биринҷӣ баргаштанд

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Довуд Маҳкамов, Абдумалик Болтаев ва Шаҳбоз Ҳаитов, се узми тими миллии Тоҷикистон оид ба муштзанӣ аз Ҷоми Осиё оид ба муштзанӣ миёни ҷавонони то 22-сола, ки 18-уми январ дар шаҳри Банкоки Тайланд шуруъ шуд ва то 26-уми январ идома мекунад, бо касби нишони биринҷӣ баргаштанд.

Гуфта мешавад, ки Довуд Маҳкамов дар вазни -71кг дар чорякфинал намояндаи Ироқ Наим Ҳусейн Юсуфро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Қазоқистон Сабиржан Аккаликов шикаст хурд.

Абдумалик Болтаев (-75кг) бошад, дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Алохон Абдуллоев шикаст хурд. Ӯ дар чорякфинал варзишгари мизбон Ломфа Сонгбуранро мағлуб намуда буд.

Шаҳбоз Ҳаитов (-80кг) дар нимфинал муқобили намояндаи Чин Ҳалимулатӣ Раҳеманду ба ринг баромада, шикаст хӯрд. Шаҳбоз дар чорякфинал варзишгари Кувейт Мусаб Алҳулайлиро мағлуб кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷоми Осиё оид ба муштзанӣ миёни ҷавонони то 22-сола бо иштироки 149 варзишгар (95 мард, 54 зан) аз 20 давлати қора ҷараён дорад. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7 варзишгар – 6 мард ва 1 зан ширкат карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.